Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16–17 март дар шаҳри Венаи Австрия чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ баргузор мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ 15 март муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои дохилии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Девид Хэнсон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дастгир намудани ҷинояткоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табодули таҷриба ва густариши робитаҳо дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






