Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маънои аслии Истиқлолияти давлатӣ дар соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил ифода меёбад. Он имконият фароҳам меорад, ки давлат сиёсати дохилӣ ва хориҷиро мустақилона пеш барад ва самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангиро озодона рушд диҳад.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолияти комили давлатиро ба даст оварда, Эъломияи соҳибихтиёриро қабул намуд. Ҳамон сол кишвар ба ҳайси узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфта шуд.

Эъломияи соҳибихтиёрӣ заминаҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ ва рушди минбаъдаро фароҳам овард. Тоҷикистон тавонист сиёсати давлатӣ ва фарҳангии худро бо такя ба анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои ҷомеа роҳандозӣ намояд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва фазои суботу амният, мардуми Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ рӯ оварда, барои ҳифз, рушд ва эҳёи фарҳанги ғании таърихӣ талошҳои зиёд анҷом медиҳанд. Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё ва фарҳанг аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддии созанда бахшида, ба эҳё ва густариши арзишҳои миллӣ мусоидат намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ фарҳанги миллӣ имкони рушду густариши васеъ пайдо кард. Дар заминаи анъанаҳо ва эҷодиёти мардумӣ фарҳанги умумимиллии халқи тоҷик ташаккул ёфта, мақоми аҳли фарҳанг боло рафт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва барномаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро (1997) қабул намуд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди рушди фарҳангро таъмин кард.

Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатии кишвар фароҳам оварда шуд. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо таҳкими фарҳанги миллӣ ва густариши арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ ҳазорҳо муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ (76% ёдгориҳои бостонӣ, 24% ёдгориҳои меъморӣ ва боқимонда ёдгориҳои меъмориву монументалӣ) ҳифз мешавад ва як қатори онҳо бо талошҳои Пешвои миллат ҳамчун иншооти таърихӣ–фарҳангӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузурги миллӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, таҷлили 2500-солагии Истаравшан (2002), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисор (2015) ва ба расмият шинохтани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷумлаи ин иқдомҳо мебошанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан муаррифӣ намуданд.

Ҳамаи ин далелҳо гувоҳи онанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фарҳангофар ва пуштибони асосии ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ мебошанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, ҳамеша пайвандгари наслҳо буд ва боқӣ хоҳад монд».

Маҳз фарҳанг нақши калидиро дар солимгардонии ҳаёти маънавии ҷомеа, таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ мебозад.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки фарҳанги миллӣ рушд ёбад, худшиносӣ таҳким гардад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар ва муттаҳидсозандаи миллат дар ҷаҳон муаррифӣ шавад.

Абдусаттор РАҲМОНЗОДА,
Мудири кафедраи технология
ҳои иҷтимоӣ—фарҳангӣ ва сайёҳии
Донишкадаи давлатии фар
ҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода,
номзади илм
ҳои педагогӣ, дотсент

Сентябрь 8, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд