Китоби «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» роҳнамо барои ҷавонони Тоҷикистон аст

Сентябрь 21, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари  Мактаби  давлатдории  Пешвои миллат» рӯнамоӣ гардид. Узви вобастаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор  Муҳаммад Абдураҳмон дар ин маврид чунин ибрози назар намуд:

— Боиси  хурсандист, ки имрӯз  ба ифтихори 35-солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои китоби  «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари  Мактаби  давлатдории  Пешвои миллат» баргузор гардид. Китоб зери  назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   Қобилҷон Хушвахтзода  пешниҳод  шудааст.

Сармуҳаррир ва ҳайати таҳририя  арбобони сиёсӣ, кормандони давлатӣ, олимон ва дигар мутахассисони  соҳавӣ   мебошанд, ки   ин китобро хеле саривақтӣ  баррасӣ намудаанд.

Фаъолияти  созандаю  бунёдкоронаи   Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ  барои  тағйири низоми арзишҳои миллӣ такони  ҷиддӣ гардида, Мактаби нави  давлатдории миллиро  эҳё  намуд, ки он имрӯз  дар аксари мактабҳои олии мамлакат мақому мартабаи  худро дорад. Ин аст, ки масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқат  дар фазои  геосиёсӣ ва фарҳангии замони муосир арзиши баланди иҷтимоию сиёсӣ пайдо намудааст.

Мактаби  давлатдории Пешвои миллат  дар маҷмуъ  бо номҳои  мухталифи  марказҳои   омӯзишии илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон ва дигар номҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар  ва ғайра бунёд ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори  сулҳ дар  таърихи  давлатдории   нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату  тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ  ва эҳёгари  фарҳангу  хотираи таърихӣ  ва шахсиятҳои  мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии  Мактаби бузурги Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро бунёд менамояд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дастпарвари Мактаби  давлатдории Пешвои  миллат  мебошанд, ки  имрӯз барои садҳо нафар  сарварони ҷавони ҷумҳурӣ намунаи ибратанд.

Китоби «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари  Мактаби  давлатдории  Пешвои миллат»  аз ду қисм иборат мебошад. Қисми якуми он «Андешаҳои  ходимони  намоёни  давлатӣ  ва сиёсатмадорон» мебошад, ки бо пешгуфтори Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода ва дигар  ходимони давлативу олимони шинохта ва  раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе   доир ба фаъолияти самарабахши    Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ   оғоз меёбад.

Дар  муқаддимаи китоб  Сарвазири  Ҷумҳурии мамлакат Қоҳир Расулзода чунин ибрози андеша  намудааст: «Фалсафаи  роҳбарии муҳтарам  Рустами Эмомалӣ метавонад бо ду мафҳуми калидӣ  тавсиф шавад: «шаффофият»  ва «иштирок», зеро андешаашон бар он аст, ки  ҳар мақоми дахлдори давлатӣ бояд имконияти  баёни ақида ва иштирок дар  равандҳои қонунгузориро дошта бошад, ки ин дидгоҳ  ба тақвияти иштирок ва афзоиши эътимод ба мақомот кумаки зиёд менамояд».

Муҳтавои асосии  ин  қисм оид ба кору пайкори  муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ  ҳамчун дастпарвари  Мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, ки ба рушду нумуи  шаҳри Душанбе, масъалаи  идоракунии давлатӣ  ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ  вобастаю пайваста  мебошад.

Муаллифон ҳар яке аз диди худ  дар амал татбиқ ёфтани мақсад ва стратегияи ободкунонии шаҳри Душанбе ва дигар фаъолияти  сиёсии муҳтарам Рустами Эмомалиро шарҳу баён дода, касбияти сиёсии он касро хеле рушану возеҳ нишон дода тавонистаанд. Ҳамаи мақолаҳо бо се забон  интишор ёфта,  барои  хонандагони  гуногунзабон пешбарӣ  шудаанд.

Қисми дуюми китоб «Рустами Эмомалӣ –дастпарвари  Мактаби давлатдории  Пешвои миллат» ном дорад, ки  аз мулоқоти  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти  Федератсияи Русия  муҳтарам  Владимир Путин  ва  Раиси  Шурои  Федератсияи Маҷлиси  федералии Русия Валентина  Матвиенко   оғоз ёфта, баъдан дар он  8 вохӯрию мулоқотҳои  гуногун, масъалаи кушодани  4  корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, 12 маротиба  мулоқоти сатҳи баланд бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва  ифтитоҳи марказҳои гуногунро дар бар мегирад.  Дар маҷмуъ, дар китоб 202 акси гуногун ҷой дода шудааст, ки бисёр сифати баланд доранд.

Қисми дуюми  китоб  ба таври амалӣ  тамоми  фаъолияти  муҳтарам  Рустами  Эмомалиро  ҳамчун дастпарвари  Мактаби давлатдории  Пешвои миллат баён  менамояд.

Хулоса, муҳимияти ин китоб натиҷаи дастовардҳои  замони соҳибистиқлолӣ  дар тарбияи кадрҳои ҷавон мебошад. Метавон онро ҳамчун дастури бунёдии амалӣ  аз дастовардҳои  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ шуморида, ҳамчун   намунаи ибрат  дар байни ҷавонон ва шогирдони  Мактаби давлатдории  Пешвои миллат баррасӣ намуд. Зеро  ҷавонони  мо ояндаи  Тоҷикистони азиз ва пушту паноҳи  давлату миллат ба шумор мераванд.

Аз фурсати муносиб  истифода намуда, ду  пешниҳод менамоям:

Якум,  китоби «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари  Мактаби давлатдории Пешвои миллат»-ро дар навбати аввал бояд ба  муассисаҳои  олии таълимӣ  ва  марказҳои «Мактаби давлатдории  Пешвои миллат» расонида шавад.

Дуюм, барои  ташвиқу тарғиби  тарбияи кадрҳои ҷавон, хусусан  ҷавонони  ватанпарвару ватансоз  ҳамчун  асари  бунёдии дорои хусусияти  тарбиявӣ дар  муассисаҳои олии таълимӣ  мавриди   истифода қарор дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад