Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид

Сентябрь 4, 2025 09:51

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» тавассути Муассисаи нашриявии «Дониш» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар сарсухани китоб таъкид шудааст, ки Устозурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) барои мо, тоҷикон, пеш аз ҳама, донишманди миллӣ ва дар баробари Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (980-1037) аз бузургтарин устодони забони модариамон барои ҳамаи замонҳо маҳсуб мегардад.

Абурайҳони Берунӣ муаллифи яке аз қадимтарин ва муҳимтарин китобҳои илмӣ ба забони модарии мо – «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» (Китоби раҳнамо барои навомӯзони ҳунари шинохти ситорагон) мебошад. Дар ин китоб Берунӣ масъалаҳои муҳимтарини чанд соҳаи илми замонаш: ҳандаса (геометрия), илми шумор (арифметика), ҷуғрофия (география), илми нуҷум (астрономия) ва аҳкоми нуҷум (астрология)-ро бори нахуст ба забони форсии тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Бояд таъкид намуд, ки аксари калимаву истилоҳоти дар ин китоб истифодашуда имрӯз ҷузъи муҳими истилоҳоти илмии миллии моро ташкил медиҳанд.

Ба андешаи Ҳасани Султон, муҳимтарин ҷанбаи шахсияти илмии Абурайҳони Берунӣ баёни эҳсоси амиқи худшиносии ориёӣ дар таълифоти ӯ мебошад. Он дар рӯзгори имрӯзаи давлатдории миллии мо беш аз пеш аҳамият пайдо намуда, моро ба худшиносию худогоҳии миллӣ фаро мехонад.

Дар китоб хизматҳои шоиста ва сазовори таҳсини Абурайҳони Берунӣ дар назди башарият таъйид шудаанд. Масалан, ӯ бори нахуст мардуми Ғарбро бо таъриху фалсафаи Ҳинди қадим ва таърихи Эрони бостон шинос намуд ва дар маҷмуъ фалсафаи Ҳинду Юнони қадим ва таърихи Эрони бостонро пешкаши оламиён намуд. Ҳамчунин Берунӣ хушкии кураи Заминро ба рубъи шимолӣ маҳдуд намедонист ва дар бораи хушкии қобили зиндагӣ дар рубъи ҷанубӣ изҳори назар кардааст, ки баъд аз чанд аср Христофор Колумб (1451-1506) дар рубъи ҷанубӣ қитъаи Амрикоро кашф намуд. Ӯ ҳам мисли имрӯзиён шакли заминро куравӣ (байзавӣ) медонист ва аз аввалин донишмандонест, ки намунаи кураи ҷуғрофии заминро сохт ва харитаи оламро тартиб дод.

Аз далелҳои муътамади устодии Абурайҳони Берунӣ дар забону адаби мо тарҷумаи достонҳои маъруфи «Қиссаи Вомиқу Узро», «Ҳадиси Қасимуссуруру Айнулҳаёт» (яъне достони «Шодбаҳру Айнулҳаёт»), «Ҳадиси Урмаздёру Меҳрёр», «Ҳадиси Додмаҳу Киромидухт» ва «Ҳадиси ду санами Бомиён» (яъне  Сурхбуту Хингбут — ду бути сангии Бомиён) аз забони модарии мо ба забони арабӣ мебошад.

Охирин китобе, ки Абурайҳони Берунӣ дар поёни умраш таълиф намудааст, «Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб» (Китоби сайдана (дорушиносӣ) дар тиб) ном дорад. Аз рӯйи ҳисоби муҳаққиқон, дар ин китоб номи 750 рустанӣ, 107 маъдан, 101 ҷонвар ва 30 маводи мураккаби доруӣ оварда шудааст. Ин китоб илова бар маълумоти амиқу дақиқе, ки дар бораи дорушиносию гиёҳшиносӣ медиҳад, аз назари вожагону истилоҳот ва решашиносии забони модарии мо бисёр муфид ва пураҳамият мебошад.

Дар китоби мавриди назар ба исбот расидааст, ки Берунӣ дар баробари забони модарии мо ҳамчунин аз лаҳҷаву гӯйишҳои мухталифи он ҳам ба хубӣ огаҳ буд. Шаҳодати возеҳи лаҳҷаву гӯйишдонии ӯ ҳамин «Китоб-ус-сайдана» дониста шудааст, ки дар он Берунӣ рустанию маъдану доруҳоро ба гӯйишҳои гуногуни забони мо, аз ҷумла гӯйиши бухороӣ, бустӣ, балхӣ, сиҷзӣ, зобулӣ, тирмизӣ, самарқандӣ, нишопурӣ, хутталӣ (хатлонӣ) ва ғайра ном мебарад.

Дар маҷмуъ, Устозурраис Абурайҳони Берунӣ аз донишмандони бузурги миллии мо барои ҳамаи замонҳо ва аз поягузорони забони модарии мо дар илм аст, ки дар китоби мавриди назар рӯзгору осор ва шахсияти илмии ӯ ба таври нисбатан муфассал таҳқиқу баррасӣ шудааст.

Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2025 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат