Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» амалӣ шуд

Сентябрь 4, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Бонки Исломии Рушд Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» муваффақона амалӣ гардид. Лоиҳа дар ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг ва шаҳри Норак татбиқ шуда, дар доираи он таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас ва боиси таҷдид, барқарор ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ гардид. Ин матлабро имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни натиҷагирии ин лоиҳа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат сухан гуфт.

Иброз гардид, ки лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ шудааст, ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа шарикони дигари Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз корҳои дар доираи лоиҳа анҷомдода маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид