Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд

ҲИСОР, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор нақшаи пешниҳодгардидаи захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишвориро сад фоиз иҷро намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз ин муассисаҳо иттилоъ доданд.
Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор ба беморон зиёда аз 120 корманд ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд. Ин табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои онҳо 82 тонна ангишт, 50 метри мукааб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин 1 генератори барқдиҳанда, 20 гармкунаки барқӣ ва 6 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассиса бо хати доимии озоди барқ таъмин аст. Ҳамарӯза аз ҳисоби чорвои калони хушзоти муассиса барои бошандагон шир ворид мегардад. Ҳамчунин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса барои бошандагон зиёда маҳсулот, аз қабили бодиринги шӯр, шарбати помидор, шакароб, қайлаи помидор ва шарбати мевагиҳо омода карда шудааст. Бошандагони муассиса мунтазам бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин мебошанд.
Дар анборҳои Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон 6,5 тонна картошка, 2000 кг пиёз, 10 тонна орд, 700 литр равған, 600 кг биринҷ, 700 кг шакар, 1650 банка шарбати меваю шакароб, бодирингу помидори шӯр захира карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор, зиёда аз 59 тонна ангишт ва 39 метри мукааб ҳезум захира гардидааст, ки сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар айни замон синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хобу синфхонаҳои бошандагон ду дегхона, 35 гармкунаки барқӣ ва 11 печкаи аловӣ омода мебошанд. Ҳамчунин барои дар фасли зимистон сари вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шудааст. Муассиса бо хати озоди барқ таъмин мебошад.
Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор 8 тонна картошка, 6 тонна пиёз, 6 тонна сабзӣ, 15 тонна орд, 1,5 тонна равған, 1,9 тонна биринҷ, 1,5 тонна шакар марҳила ба марҳила захира карда мешавад. Инчунин зиёда аз 1650 банка шарбати меваю шакароб, бодирингу помидори шӯр ва қайлаи помидор захира намудаанд.
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор бо шабакаи ягонаи гармидиҳии дохилӣ пайваст буда, имсол бо кумаки шахсони саховатманд пеҷкаҳои ин буғхона пурра таъмир гардиданд. Дар анборҳои муассиса то имрӯз зиёда аз 100 тонна ангишт, 50 метри мукааб ҳезум ва маводи сӯзишворӣ захира карда шудааст. Дар ин муассиса аз ҳисоби боғи назди муассиса зиёда аз 500 банка шарбати мевагиҳои гуногун, 400 кг меваи хушк, 1500 кг себ захира карда шудааст. Мушкилоти ҳамасолаи ин муассиса набудани хати доимии барқи озод мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»