«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 13, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе боз як муассисаи таълимии варзишии ҷавобгӯ ба талаботи муосир баъдинавсозии куллӣ мавриди истифода қарор гирифт. 12 сентябр Муассисаи давлатии таҳсилотии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» дар шаҳри Душанбе баъди таъмирӣ асосӣ ва навсозии пурра ба фаъолияти таълимӣ оғоз намуд. Ин муассисаи таълимию варзишӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иқдом ва сарпарастии роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода пурра таъмир ва навсозӣ карда шуд.

Корҳои таъмиру навсозӣ бо ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар ва бо мақсади мутобиқсозии инфрасохтори соҳаи маориф ва варзиш ба меъёрҳои замони муосир амалӣ гардидаанд. Ин мактаб-интернат пас аз таҷдид дорои имконияти васеи таълимӣ ва варзишӣ гардида, дар он зиёда аз 420 нафар хонандагон ба таҳсил ва машқҳои ҷисмонӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи навсозӣ бинои асосӣ, толорҳои варзишӣ, хобгоҳҳо, синфхонаҳо, даромадгоҳ ва маҷлисгоҳ пурра таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоти муосири хониш ва лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар муассиса аз синфи 6 қабул ба роҳ монда шуда, хонандагон дар баробари фанҳои умумӣ ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили футбол, гуштини миллӣ, ҷудо, самбо, гуштини озод, юнонӣ-румӣ, бокс ва варзиши сабук машғул мегарданд.

Ҳамчунин таълимгирандагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин шуда, хонандагони аз ноҳияҳои дурдаст омада бо хобгоҳ фаро гирифта мешаванд. Барои таълим синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, китобхона ва толорҳои барҳавои варзишӣ омода шудаанд. Дар маҷмуъ 18 синфхона, маҷлисгоҳ, ду хобгоҳ ва як қатор иншооти ёрирасон ба таври куллӣ таҷдид гардиданд.

Дар чорабинии ифтитоҳ, ки бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута баргузор шуд, саҳми татбиқкунандагони лоиҳа дар пешбурди ҳадафҳои созанда арзёбӣ гардида, ба онҳо «Медали шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор боҷавонон ва варзиш тақдим карда шуданд.

Ба ифтихори ин рӯйдод ҳамчунин  бо ибтикори соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Амонзода барои хонандагон дастархони идона ороста шуда, фазои идона дар муассиса ҳукмфармо гардид. Мутобиқи тарҳи нав, дар мактаб-интернат низоми мустақили гармидиҳӣ, назорати электронии раванди таълим ва меъёрҳои муосири бехатарӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ифтитоҳи дубораи чунин муассисаҳо дарак аз он медиҳад, ки дар баробари рушди шаҳрсозӣ, соҳаимаориф ва тарбияи ҷисмонӣ дар пойтахти кишвармавқеи устувор дошта, заминаҳои боэътимод бароитарбияи насли солиму донишманд фароҳам овардамешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки соҳибкори ватандӯст, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода аз зумраи он соҳибкорон аст, ки бо пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободониву созандагӣ, инчунин дар дастгирӣ ва кумакҳои пайваста ба маъюбон ва ниёзмандон саҳми арзанда мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд