«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Ва ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!»
— Вақт собит сохт, бесарусомонии аксар кишварҳои мусалмоннишин, ки дар айни замон дар онҳо нооромиҳо идома доранд, натиҷаи дар мухолифат ва ё дар афзалияти бепоя қарор додани дин бар арзишҳои дигари миллӣ аз ҷониби неруҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ мебошад.
Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо мебинем, ҳар қуввае, ки бо истифода аз эътиқоди динии мардум (барои ҳар миллате, ки набошад) ва бо додани афзалият ба арзишҳои динӣ давлатсозӣ кард ё ҷомеаро хост бо истифода аз боварҳои динӣ идора кунад, дер ё зуд мувоҷеҳи мушкилӣ шуд. Зеро ҳеҷ вақт дин барои миллате, ки бахусус соҳибфарҳангу соҳибтамаддун бошад, омили иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ангезае барои давлатсозӣ набуд ва нахоҳад шуд. Ин омилро ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ ба хубӣ дарк кардаанд.
Аз ин рӯ, дар ин гуна шароит муайян кардани ҷойгоҳи ин ду унсур, яъне миллият ва диният ва дар як вақт дар мувозанати мавзун арҷ гузоштан ба ҳарду, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва динӣ шароит муҳайё кардан ва ҳардуро ҳифз намудан, бахусус дар шароити давлати демократӣ ва дунявии дорои табиати миллӣ кори басе мушкил, аммо зарурӣ ва муҳим аст.
Таҳлилҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ҳар миллате, ки тавонист ҳувияти миллии худро ҳифз намояд, онро тақвият бахшад ва исломро (ва ё ҳар дини дигарро) ҳамчун рукни миллӣ ба хотири рушди он истифода кунад, марҳила ба марҳила рушд кард ва саодатманд гашт. Аммо ҳар миллате, ки миллияти худро фидои дин кард, на аз миллат чизе монд ва на аз диёнати онҳо.
Вақт собит собит сохт, ки зери шиори “уммат” ва ё “миллати мусалмон” муттаҳид сохтани халқият барои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шиоре беш нест ва танҳо ин гуна шиорпартоиҳо ғаразҳои сирф сиёсии онҳоро ҳадафи пиёдасозӣ қарор додааст.
Агар ба маънии миллат аз нигоҳи сиёсӣ ва миллат аз нигоҳи ислом таваҷҷуҳ намоем, ду чизи ба ҳамдигар мутафовитро мебинем, аммо на равишҳои комилан ба ҳам мухолифро, зеро дар дохили ин дидгоҳҳо унсурҳои умумиятдоштаи дигаре низ ҳастанд. Яъне ин ду мафҳум ҳаргиз қатъиян мусалмонро дар пешорӯи интихоби яке қарор намедиҳанд. Масалан, миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое, чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад. Аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва «Қуръон»-ро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад. Яъне назари амиқ ба дохили ин равияҳои атрофи ваҳдат ва иттиҳоди мардум тарғибкунанда арзишу ғояҳои зиёди муттаҳидкунандаю умумиятдоштаро низ кашф менамояд, ки эътирофу созиши мавзуни онҳо дар ҷомеаҳои анъанавӣ имкон дорад ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат намоянд. Яъне дилхоҳ миллат метавонад, ки бе даст кашидан аз арзишҳои миллӣ мусалмон ва ҷузъи уммати Ислом бошад.
Дар мухолифати сунъӣ қарор додани ин арзишҳо ва унсурҳои бунёдии миллат ва дин дар фазои мафкуравӣ бо мақсадҳои ғаразноку афзалиятхоҳӣ, то ба зинаи куфру ғайриилмӣ эълон кардани равишҳои ҳамдигар таҷрибаи тундгароёнаи ғайриилмию ғайридинӣ аст. Ё як бандаи боимон чӣ гуна метавонад ба иродаи Парвардигори якто, ки ӯро дар оилаи кадом як миллате ҳаст кардааст, эътирозу ношукрӣ намояд?!
Чунончӣ, Худованд дар сураи Ҳуҷурот, ояти 13 мефармояд, ки «мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст».
Яъне, Худованд дар ин ояи Қуръон ҳам ба қавмият, яъне миллияти сиёсӣ ва ҳам парҳезгорӣ, яъне миллияти исломӣ ишорат кардааст.
Дар сухани Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот бо ходимони дини мамлакат 9 майи соли 2024 баён намуданд ва бори дигар такроран дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ҷаҳони меҳру муҳаббат ва садоқат ба миллати тоҷик бо ҳама арзишҳое, ки дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нуҳуфта буд. Ин суханон хиради волою дурандешӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию динӣ будани Сарвари моро далолат мекунанд, ки дар пасманзари худ ҳадафҳои олии давлатсозиро бо рушди солими мафкураи миллию динӣ дороянд.
Нахуст бояд гуфт, ки дар масири мураккабу пурпечутоби таърихи навини тоҷикон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат ва ба ҳамин васила, наҷотбахши миллат, муҳофизи истиқлолу озодӣ ва бунёдгузори давлатдории навин, инчунин тақвиятбахши худшиносии миллӣ ва динӣ зуҳур намуд. Бо дурандешӣ ва дарки амиқи руҳу равони миллат Сарвари давлат тавонистанд дар як замони пурфишор ва ҳассос ду рукни асосии ҳастии тоҷикон – миллият ва динро дар паҳлуи ҳам ва дар хизмати якдигар қарор диҳанд.
Мардуми тоҷик танҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ вориди марҳилаи асосии худшиносии миллӣ шуд. То ин дам солҳои дарози ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ва аз ин пеш дигар ғосибон боиси аз маърифати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии худ дур шудани миллат гардида буд.
Дар чунин шароит Пешвои миллат бо руҳияи ватандӯстона ва биниши таърихӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд ва сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро сармашқи кор қарор дода, зери нидои «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» мардумро сарҷамъ намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ пайваста чунин таъкид менамуданд: «Бояд таърихи худро донист, бо гузашта фахр кард ва барои оянда аз он сабақ гирифт».
Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳимоя шуд, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба таври оммавӣ ба нашр расид ва ба ҳар хонавода тақдим гардид, инчунин китобҳои муқаддаси “Авасто” ва “Қуръон” бо забони тоҷикӣ нашру паҳн шуданд. Ба ҳамин тартиб, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат китоби арзишманди миллии мо “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо шумораи зиёд чоп ва ба наздикӣ дастраси ҳар сокини мамлакат мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҷашнвораҳои бузурги фарҳангӣ ба ифтихори бузургдошти Фирдавсӣ, Ибни Сино, Имоми Аъзам, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва ғайра баргузор карда шуданд. Инчунин шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо, муассисаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ номи ин шахсиятҳои миллиро гирифтанд: Куруш, Спитамен, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Носири Хусрав, Абуҳанифа, Ҳамадонӣ ва садҳо нафари дигар. Ин ҳама на танҳо эҳёи таърих ва маърифати миллӣ аст, балки заминаест барои шинохти арзишҳои тоҷикӣ ва эҳсоси ифтихор аз он, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амалӣ шуданд.
Пешвои миллат аз оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон то имрӯз ба мавзуи бисёр нозук ва ҳассос, яъне ҳамоҳангии миллат ва дин муносибати хирадмандона намудаанд. Ба ҷойи муқобилгузории суннату шариат талош карданд, ки дин ва миллатро ҳамчун ду сутуни такмилдиҳандаи худшиносии инсон муаррифӣ намоянд. Аз ҷумла, динро ба абзори ваҳдат табдил дода, на ҷудоӣ, балки ваҳдатро мақсад гузошта, барои миллати тоҷик «Қуръон»-ро ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр намуданд, то халқи Тоҷикистон Исломро бо забони худ бифаҳмад. Ҳамзамон бо ташвиқи фаҳмиши муътадили мазҳабӣ хурофотгароиро пешгирӣ намуда, бо эҳёи шахсиятҳои миллӣ ва динӣ ба ҷавонон намунаҳо барои ибрат пешниҳод карданд.
Аз сӯи дигар, чун ба таърихи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон назар меафканем, миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёди Осиёи Марказист, ки беш аз панҷуним ҳазор сол таърихи мушаххас, забони муайян, қаламрав, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дорад. Аз нигоҳи таърихӣ мо, тоҷикон то қарни VII мелодӣ ба дини зардуштӣ ва дигар боварҳои ориёӣ пайравӣ мекардем. Аз асри VII ба ин сӯ, пас аз густариши дини Ислом аксаран мусалмон шудем ва ба мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ менамоем.
Масъалаи дигар- ин тарзу усули густариши ислом ба сарзамини таърихии тоҷикон аст. Исломро зӯран сари ниёгони мо бор карданд ё гузаштагонамон ихтиёран онро пазируфтанд ва ё ҳарду омил вобаста аз шароиту замону макон ҷой дошт, мавзуи дигар аст. Аммо масъалаи он ки ниёгони мо бо борхалтаи фикри динии худ вориди тамаддуни исломӣ шуда, дар рушди шаклию мазмунии дини нав дар миёни халқҳои мусулмоншуда нақши фаъол бозиданд, баҳснопазир аст. Онҳо дар ҷамъоварию кодификатсияи ҳадисҳо, шарҳу тавзеҳи фиқҳ, дар ташаккули илми калом, дар рушди ҷараёни сӯфия ва ҳатто дар тасрифу тадвини қоидаҳои имлои забони арабӣ аз нухбагону пешоҳангони илми замон будаанд. Аслияти фарҳангӣ ва таҷрибаи дини қаблиямон барои қабули дини нав ва рушди он таъсири мусбат расонд.
Яъне, масъалаи пайрави кадом дину мазҳаб будан ё набудан барои мо, тоҷикон, ба мисли тамоми мардуми дигари соҳибтамаддуни дунё як шохаи шинохти динист, аммо на асли шинохти миллиамон. Ин ба он маъност, ки новобаста аз боварҳои динӣ ва мазҳабӣ мо, мардуми тоҷикро як омил муттаҳид месозад – тоҷик будан.
Забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ дар раванди худшиносии мо нақши меҳварӣ доранд.
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ба миллати сарбаланди тоҷик чӣ пайғом медиҳад?
Мо миллате ҳастем, ки ишораи пайғамбарӣ ба сӯи миллияти мост. Ин бисёр ифтихорбахш аст. Яъне ҳадиси саҳеҳи «Агар илм ва ё имон дар сурайё бошад, мардоне аз ин қавм (яъне форсҳо) ба он мерасанд» ин ҳақро ба мо медиҳад, ки аз тоҷик-форс будани хеш ифтихорманд бошем;
Ин ишораи пайғамбарӣ ба он хотир аст, ки мо тоҷик-форсҳо алорағми дигар миллатҳо, ки акнун ба дини ислом сарфаҳм мерафтанду ихтиёрану зӯран ба ислом мегаравиданд, қобилияти дарки илоҳӣ доштем, зеро дини мо зардуштӣ – дини яктопарастӣ буд. Ин ишораи пайғамбари Ислом низ ба Салмони Форс ба ҳамин хотир буд, ки ӯ кӣ будани Худои ягона ва диданашавандаро медонист;
Мо, тоҷикон дар ташаккули дини Ислом дар қаламрави худ ва берун аз он саҳми бориз доштем, на дини ислом дар ташаккули миллии мо. Фарзандони тоҷик, чун Имом Бухорию Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва чандин нафарони дигар барои олами ислом мазҳаби барҳақ офариданду ҳадисҳои саҳеҳ ҷамъоварӣ намуданд ва исломро бар арши аъло нишонданд. Баъдан, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Мотуридӣ ва ғайраҳо ҳамчун донишмандони барҷастаи миллати тоҷику форс дар рушди ғоявии дини Ислом нақши калидӣ гузоштанд.
Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикаму баъдан мусалмон» ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муқобила бо он ҳама равияву ҷараёнҳоест, ки мехоҳанд бо суиистифода аз боварҳои динию ақидаҳои пурихтилофи мазҳабӣ тоҷиконро аз решаҳои таърихиву фарҳангиашон ҷудо созанд ва зери шиорҳои динии бегонаву сохта моро бедавлату бетамаддун нишон диҳанд. Ин гуфтор пайғомест ба роҳи рост дар самти ҳифзи давлатдории миллӣ ва ҳамзамон ҳифзи ҳувияти миллию диниамон.
Акнун саволи матраҳ ин аст, ки чаро зарур аст ин гуфтор шиори умумимиллӣ гардад? Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ талош доранд, ки дини Исломро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода бурда, ҷавононро шаклан, зери парчами «уммат» қарор дода, дар асл зидди ҳувияти миллӣ ва давлату Ватани худ даъват кунанд. Шиори «Ман аввал тоҷикам…» посухест ба чунин даъватҳо.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки миллат бе худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва ҳифзи забону фарҳанг пойдор намемонад. Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусалмон!» метавонад мардуми мамлакатро барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки дин ҷузъе аз он мебошад, муттаҳид созад. Имрӯз зарур аст ҷавонон бидонанд, ки мусалмон будан ҳеч гоҳ бо тоҷик будан дар таноқуз ва таоруз нест, аммо бо ифтихор аз тоҷик будан метавон аз дини худ ҳам ба таври шоиста ҳимоят кард. Бо гузашти қарнҳо тоҷик будан худ ба маънои мусалмон будан аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид медоранд, ки «дини мо ё мусалмонии моро касе аз мо дигар гирифта наметавонад!», яъне мусалмон шудани мо тоҷикон ҷараёни ба охиррасида мебошад. Тоҷик будан худ пояи устувори худшиносӣ ва диндорӣ аст. Тоҷикият – ҳамакнун рукни имон ва шиносоии динӣ дар замони ҷаҳонишавӣ бояд маҳсуб шавад ва тоҷик будан худ бояд сипаре бар зидди ифротгарои динӣ бошад.
Аз ин рӯ, гуфтори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!” паёми ваҳдати миллӣ ва динии тоҷикон ва шинохти ҳувияти миллӣ ва динии миллат ба ҳисоб рафта, ба мо пайғом медиҳад, ки миллатро бишнос, то динатро бифаҳмӣ.
Ин шиор таъкид мекунад, ки аввал бояд миллататро шиносӣ, то дини худро бо забони хеш, бо фаҳмиши хеш ва дар сарзамини хеш орому осуда пайравӣ намоӣ. Яъне тасдиқи барҳақи гуфтаҳои хирадмандонаи «Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад» ё «Он ки худро шинохт, Парвардигори худро шинохт» ба ҳисоб меравад.
Шинохти қавму миллат ҷузъи фитрат ва зарурати иҷтимоии инсон аст. Ислом миллатҳоро барҳам намезанад, балки ба он муътақид аст, ки ҳувияти миллӣ бояд сабаби шинохти беҳтари якдигар гардад. Яъне шинохти қавм ва миллат муқаддимаи шинохти умумӣ аст. Ислом ҳам пайравони худро ба ватандӯстӣ ва ҳифзи робитаи хешутаборӣ ва миллӣ ташвиқ мекунад.
Таърихан, тоҷикон дар замони Куруши Кабир, Дорои I ва Дорои III шоҳиди ташаккули тамаддуни бузург буданд. Дар аҳди Сосониён забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва дини зардуштӣ расмиёти давлатдории тоҷиконро ташкил медод. Пас аз зуҳури Ислом мардуми ориёии ин сарзамин дини навро пазируфтанд, аммо забон, фарҳанг ва давлатдории хешро ҳифз намуданд. Давлати Сомониён, ки аз тарафи Исмоили Сомонӣ поягузорӣ шуд, яке аз аввалин давлатҳои миллӣ дар фазои пасазисломӣ дар Шарқ маҳсуб мешавад. Дар он замон низ тоҷикон тавонистанд бо қабули дини Ислом ҳамзамон забони модарии худ – форсии тоҷикиро ҳамчун забони илм ва давлатдорӣ нигоҳ доранд ва бо он илму маърифатро густариш диҳанд. Ҳамин тафовут, яъне миллатсозӣ дар чорчӯбаи диндорӣ тоҷиконро аз бисёр миллатҳои дигари минтақа фарқ мекунонад. Пас, таърих моро водор мекунад, ки аввал тоҷик буданро ҳамчун рукни ҳувияти таърихӣ шиносем, то дини худро низ бо забони хеш ва тафаккури пешрафтаамон дарк кунем. Чунки бо тафаккури ақибмона ба ҳеҷ ваҷҳ ба дарки муҳтавои аслии ягон дин расидан имкон надорад ва зуҳури андешаҳои ифротӣ ва экстремизму терроризми бо пӯшишҳои динӣ аз ҳамин ақибмондагӣ сарчашма мегирад.
Дар асри XXI таҳти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти ифротӣ қисме аз ҷавонон худро танҳо «мусалмон» муаррифӣ мекунанд ва ин кори худро “ҷиҳод дар роҳи Ислом” унвон карда, ба шеваҳои таҳқиромез миллат, забон ва фарҳанги миллии худро инкор мекунанд. Ин раванд ниҳоят хатарнок аст, зеро ифротгароён бо суиистифода аз дини Ислом мехоҳанд миллатҳоро барҳам зананд, радди миллат бошад ба маънои радди таърих, тамаддун, забон ва давлат аст. Шиори «Ман аввал тоҷикам…» ва дарки моҳияти ин гуфтор сипарест дар муқобили ин хатарҳо.
Агар руҷуъ кунем ба таърихи пайдоиши динҳо ба натиҷае мерасем, ки тоҷикон-форсҳо тибқи пажӯҳишҳои бостонӣ ва диншиносӣ, аз ҷумлаи аввалин қавмҳои диндор дар таърихи башарият буданд. Ориёиҳо пеш аз қавмҳои семитӣ ё сомӣ (монанди арабҳо, яҳудиёну осуриҳо) дини яктопарастӣ ва пайғамбару китоби худро доштанд. Зардушт яке аз аввалин паёмбарони таърихист, ки бинобар тахминҳои муҳаққиқон, дар байни солҳои 1800 то 1200 пеш аз милод зиндагӣ кардааст. Ӯ дар минтақаҳои шарқии Эрони куҳан (эҳтимол дар Бохтар ё Суғди қадим, яъне ҳудуди сарзаминҳои Тоҷикистон ва Афғонистони имрӯза) зуҳур кард ва дини яктопарастии Аҳурамаздоро бунёд гузошт. Дини зардуштӣ, ба таҳлили пажӯҳишгари номвар Мери Бойс, аввалин низоми динии яккахудоӣ дар дунё аст, ки ба инсон масъулияти ахлоқӣ ва интихоб миёни хайр ва шарро медиҳад (ниг: Mary Boyce, Zoroastrians: Their Religious Beliefs and Practices, 1979).
Дар маркази оини зардуштӣ Аҳурамаздо, яъне Худои ягона қарор дорад, Холиқи некӣ ва Нур. Зардушт таълим медод, ки танҳо як Худо ҳаст ва тамоми коинот аз они ӯст ва мо бандагони Худоем. Тибқи гуфтаҳои ба Зардушт нисбатдода дар Готҳои Авесто «Худо яктост ва ман паёмбари Ӯ ҳастам». Ин ба таври аён нишон медиҳад, ки ориёиҳо, аз ҷумла форсҳо, пеш аз дигарон ба яктопарастӣ роҳ ёфта буданд. Такроран иброз медорам, ки ишораи пайғамбари ислом низ ба Салмони Форсӣ ба ҳамин омил бастагӣ дошт, на робитае, ки ӯ бо Паёмбар ва ё паёмбар бо ӯ дошт. Факт ва далел яктост: Мо тавассути дини зардуштӣ яктопараст будем ва қобилияти дарки Илоҳӣ доштем ва ин барои эҳсоси моҳияти дини мубини Ислом бениҳоят муҳим буд.
Қавмҳои семитӣ ё сомӣ то қарнҳои пеш ба бисёрпарастӣ ва бисёрхудоӣ машғул буданд. Дини Яҳудият бо зуҳури ҳазрати Мӯсо ташаккул ёфт ва яккахудоии яҳудиён пас аз 400 соли зиндагии онҳо дар байни бутпарастони Миср шакл гирифт. Арабҳо то зуҳури Ислом дар асри VII милодӣ асосан бутпараст буданд. Қурайш ва дигар қабилаҳо дар Каъба садҳо бутро мепарастиданд. Аммо ориёиҳо, бахусус форсҳо бо дини Зардушт ва таълимоти Аҳурамаздо ҳанӯз дар ҳазораҳои дуюму севуми пеш аз милод ба шинохти Худо ва панҷ гоҳ ибодат дар як рӯз ба Худои ягона даст ёфта буданд ва шиорашон «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» буд.
Яҳудиён пас аз озод шудан аз асорати Бобул аз сӯйи Куруш бо ақидаҳои зардуштӣ шиносоии бештар пайдо карданд. Муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Ричард Фрай ва Мери Бойс ба он ақидаанд, ки аксари мафҳумҳои динҳои семитӣ, ба монанди ақидаи қиёмат, фариштагон, ҷинҳо ва ҷаннату дӯзах баъди ҳамзистӣ бо форсҳо, хусусан дар давраи ҳукмронии Куруш ва Дориюш вориди яҳудият гардид. Ин ҳақиқат ҳувияти таърихии ориёиҳоро ба ҳайси яке аз нахустин халқҳои динсоз ва тамаддунсоз дар ҷаҳон собит мекунад.
Бо чунин собиқаи таърихи диндорӣ чун Ислом зуҳур кард, аз ҳама пеш мардуми форс ба дарки суханони Паёмбари ислом (с) расиданд ва ба ӯ бовар карданд. Набояд фаромӯш кард, ки нақши форсҳо дар ёрӣ ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ва минбаъд, дар густариши дини Ислом ниҳоят барҷаста аст. Бояд гуфт, қисми зиёди аҳли ансор дар Мадина форсҳо ва яҳудиҳо буданд ва ҳангоме, ки Паёмбар аз ҷабру ҷафои салафиҳо ба танг омаду ба Мадина ҳиҷрат кард, дар паҳлуи ӯ аҳли форс низ устувор шуданд. Махсусан, Салмони Форс ҳамчун мушовири илмӣ дар қатори Абубакру Умару Усмону Алӣ яке аз ёрони бовафои Паёмбар (с) эътироф мешавад.
Паёмбари киром (с), ки дар вуҷудаш адолати илоҳӣ туғён мезад, дар бисёре аз мавридҳо бартарияти миллати форсро аз дигар қавму миллатҳо эътироф кардааст. Ин гуфтаҳо, ки дар ривоёти муътабари динӣ зикр шудаанд, метавонанд заминаи таърихӣ барои таъкиди нақши миллатҳои эронитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон дар таърихи Ислом бошанд.
Ин башорату ишоратҳои паёмбарӣ ва чунин мисолҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ифтихор аз миллат ва таърихи худ бо имон доштан ба Ислом ҳаргиз дар таноқуз нест. Баръакс, аввал тоҷик ва баъдан мусалмон будан ҳамдигарро тақвият мебахшанд. Паёмбари Ислом (с) худ бо гузоштани дасти меҳр бар китфи Салмони Форсӣ ва ситоиш аз хирад ва асолатмандии форсҳо ин мавқеъро таъйид намудааст.
Чаро мо ҷидду ҷаҳд ва даъватҳои Пешвои миллатро дар самти ҳимоя аз дини мубинӣ ислом, ҷобаҷо гузоштани арзишҳои милию динӣ ва пешгирӣ аз сиёсисозию бадномсозии дини Ислом чун кӯшиши як фарзанди дигари тоҷику форс дар роҳи таҳкими дини мубини ислом нодида бигирем?!
Ниҳоят бо гуфтори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин натиҷа мерасем, ки мо тоҷикем – бо забон, бо фарҳанг, бо таърих ва бо Исломе, ки бо забони модарии мо ва арзишҳои хирадмандонаи форсӣ ҳамгун шудааст. Дар хотир дошта бошем, ки тоҷик буданамон аз замони яктопараст шудани гузаштагонамон, яъне аз Зардушт то Муҳаммад (с) ва аз «Авасто» то «Қуръон» як равиши мантиқӣ дар таърихи диндории миллиамон гардидааст.
Пас, месазад, ки ҳамаи мову шумо бигӯем: Шукрона мекунам, ки ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!
Абдулло РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа