Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид

Март 14, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ дар он аст, ки донишҷӯёни соҳаи китобдорӣ ва табъу нашр дар рафти дарсҳо ва таҷрибаомӯзиҳо аз технологияи нави соҳавӣ, ки талаби замони муосир аст, бархӯрдор гардида, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар оянда барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар маҷлиси васеи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2020 Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии  соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомўзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос чораҷўӣ намояд.

Ифтитоҳи филиали кафедра низ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи ин дастуру супоришҳо амалӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, яке аз муассисаҳои пешсаф дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ мебошад. Феълан фаъолияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, таҳияи «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Феҳристи китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чопи дастурҳои библиографию методӣ дар он ба роҳ монда шудааст.

АКС: Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон

Март 14, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид