Масъалаи иштироки Тоҷикистон дар ташаббусҳои марбут ба иқлим ва саломатӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 23, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои марбут ба иқлим ва саломатӣ, инчунин пешбурди иқдоми Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори шуъбаи бемориҳои сироятӣ, муҳити зист ва тандурустии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, доктор Роб Батлер Оӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳӣ ва осебпазир ба хатарҳои иқлимӣ ба таҳкими устувории низоми тандурустӣ, беҳдошти муҳити зист ва ҷалби ҳамкории байналмилалӣ ниёз дорад.

Доктор Роб Батлер иброз намуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омодаи ҳамкорӣ дар таҳияи сиёсат ва тадбирҳои муштарак барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим мебошад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд