МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дорад

Сентябрь 8, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дошта, бо холестерини барзиёд мубориза мебарад. Инчунин ҳолати қайкуниро бартараф месозад. Он барои нафароне, ки бештар ба ҳолати асабоният (стресс) гирифтор мешаванд, давои беҳтарин мебошад. Биҳӣ хатари бемории дилро коҳиш медиҳад.Чунин маслиҳат медиҳанд мутахасисони соҳаи тиб.

Меваи биҳӣ ягона мевае аст, ки ҳангоми коркард тақрибан ҳама моддаҳои ғизоии тару тозаи таркиби он ҳифз карда мешавад. Дар таркиби биҳӣ витаминҳо,  минералҳо, нахи парҳезӣ, антиоксидантҳо ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд. Барг, мева, дона ва гули он хусусияти шифобахшӣ дорад.

Мутахассисон барои пешгирии дарунравӣ чунин давои аз биҳӣ  омодашударо тавсия медиҳанд: 200 грамм меваи биҳиро кӯфта, ба як литр оби ҷӯш андохта, дар оташи паст бояд 20 дақиқа ҷӯшонид. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100-миллиграммӣ бояд бинӯшед.

Истеъмоли биҳӣ дар ҳолати хом хуб нест ва зараровар мебошад, зеро биҳии хом рагҳои баданро маҳкам мекунад. Мизоҷи биҳӣ гарм буда, барои касоне, ки гарммизоҷ ҳастанд, хуб нест.

Дар тибби муосир ҷавҳар ва тухми биҳиро барои табобати бемориҳои камхунӣ, бод, хала, нуқси аъзои нафас, истисқо (обхӯра), исҳол, сурфа ва ғайра истифода мебаранд.

Абуалӣ ибни Сино биҳӣ ва шарбати аз меваи биҳӣ тайёркардаро ҳамчун доруи рафъи исҳол, рафъи иштиҳо ва пешоброн истифода мебурд. Шарбати биҳӣ нафастангӣ, балғами хунолуд ва дигар бемориҳоро шифо мебахшад. Маҳлули луобе, ки аз тухми биҳӣ гирифта мешавад, дар мубориза ба муқобили касалиҳои шуш ва роҳҳои нафас фоидаи хуб мебахшад.

Ба тавсияи Абуалӣ ибни Сино, тухми биҳӣ барои хушкии даҳон муфид аст (махсусан ҳангоми суҳбати тӯлонӣ ё суханронӣ). Барои ин 30 дақиқа пеш аз сухан гуфтан 2-3 дона тухми биҳиро ба зери забон партоед. Дар тибби халқӣ барги биҳӣ, пӯсти навда ва навдаҳои ҷавони онро барои диабети қанд ва фишори хун истифода мебаранд. Он ба асабҳо ва баъзе навъҳои дарди сар таъсири муфид дорад.

Барг ва пӯстлохи навдаҳои наврустаи биҳӣ давои диабети қанд ва ғалаёни хун аст. Бо ин мақсад 1 – 2 қошуқ баргу пӯстлохи майдакардаро ба 1 истакон (200 мл) об андохта, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Баъди хунук шудан онро полида, рӯзе 3 маротиба 1-қошуқчагӣ менӯшанд.

Гули тару тозаи ин мева аз ҷиҳати мизоҷ дар гармиву сардӣ муътадил мебошад ва андак қуввати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, дарди сар ва туғёни ҳарорати баданро таскин медиҳад, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад. Агар аз гули биҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; таппидани дилро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.

Биҳӣ аз дигар дарахтон дертар гул мекунад. Дар саноати хӯрокворӣ аз биҳӣ мураббо, мармалод ва шарбатҳои гуногун таҳия менамоянд. Инчунин пӯсти дарахти биҳӣ шифобахш аст, онро хушк ва майда карда, ҳамчун чойи хушк истифода менамоянд. Меваи биҳиро аз турбтарош гузаронида, дар дег таф дода, дар замонҳои қадим ҳамчун чойи хушк низ кор мефармудаанд.

Дар баъзе минтақаҳои мамлакат дар оши палав биҳиро ду қисм карда, ба дег мегузоранд. Гуфта мешавад, ки биҳии зиёд ошро ланҷ мекунад. Аз ҳамин сабаб дар оши палав биҳиро кам ҳамроҳ карда, мепазанд. Пораҳои биҳии туршакро барои ширин кардани равғани пахта истифода мебаранд. Ба деги равғани доғкардаистода барои аз байн бурдани талхияш биҳиро чанд пора карда мепартоянд ва то сиёҳ шудан онро дар равған нигоҳ медоранд. Барои ин кор сабзӣ, намак ва обро ҳам истифода мебаранд, аммо агар равған бо биҳӣ ширин карда шавад, ҳам ширин ва ҳам хушбӯй мегардад, мегӯянд кордонҳо.

Барои хушбӯй кардани хона пӯчоқ ва ё пораи биҳиро ба болои лахчаи даруни сандалӣ мепартоянд ва ҳавру дуди аз он мебаромада бӯи хуш дорад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 8, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид