Муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо баррасӣ гардид

Сентябрь 25, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин институт.

Дар ҳамоиш муҳаққиқон, олимон ва намояндагони муассисаҳои дахлдор масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аврупоиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо мамлакатҳои Аврупо беш аз се даҳсола рушд намуда, имрӯзҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро фаро мегирад.

Дар ҳамоиш ба дурнамо ва имконияти нави ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва давлатҳои аврупоӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати таҳкими робитаҳо дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, таҳсили олӣ ва мубодилаи фарҳангӣ таъкид карда шуд.

Бо ишора ба иқдоми байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаи об иброз гардид, ки густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои аврупоӣ метавонад ба татбиқи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар бахши рушди устувор мусоидат намояд.

Дар ҳамоиш пешниҳодҳо ва тавсияҳои муҳаққиқон барои густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону давлатҳои Аврупо баён гардиданд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Сентябрь 25, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»