«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 4, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба истиқболи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам оғоз гардид. Доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкиму густариши пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки маҳз бо таъмини ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳмати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Истиқлоли давлатӣ тақвият ёфт. Таъкид гардид, ки Ваҳдату Истиқлол — ду арзиши олии ҳастии миллат бояд ҳамеша ҳифз ва гиромӣ дошта шавад ва ба наслҳои оянда ба саломат мерос монад.

Дар идомаи ҳамоиш дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ — омили муттаҳидии миллат», «Ваҳдати миллӣ — кафили пешрафти ҷомеа», «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон», «Истиқлол — заминаи худшиносӣ ва рушди давлатдории миллати тоҷик»ва «Ваҳдати миллӣ — воситаи муҳимми ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва рушди он» маърузаҳо карда шуданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон андешаҳои иштирокчиёни ҳамоиш шунида шуда, таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддас ва масъулияти баланди ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 4, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад