«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба истиқболи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам оғоз гардид. Доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкиму густариши пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки маҳз бо таъмини ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳмати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Истиқлоли давлатӣ тақвият ёфт. Таъкид гардид, ки Ваҳдату Истиқлол — ду арзиши олии ҳастии миллат бояд ҳамеша ҳифз ва гиромӣ дошта шавад ва ба наслҳои оянда ба саломат мерос монад.
Дар идомаи ҳамоиш дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ — омили муттаҳидии миллат», «Ваҳдати миллӣ — кафили пешрафти ҷомеа», «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон», «Истиқлол — заминаи худшиносӣ ва рушди давлатдории миллати тоҷик»ва «Ваҳдати миллӣ — воситаи муҳимми ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва рушди он» маърузаҳо карда шуданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон андешаҳои иштирокчиёни ҳамоиш шунида шуда, таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддас ва масъулияти баланди ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






