Нахустин маротиба Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ 16-18 сентябри соли 2025 нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Баргузории Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ ба мустаҳкам гардидани мавқеи мамлакат дар байни кишварҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои “Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва татбиқи самараноки марҳилаи сеюми “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ба ҷалби сармоя равона гардидааст, мусоидат менамояд.
Дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.
Дар кори форум масъалаҳои ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.
Узвияти мамлакати мо дар Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки яке аз 12 оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳалли масоили рӯзмарраи соҳа барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати сайёҳӣ манфиати зиёд мерасонад.
Инчунин узвият ба ин созмон ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ ва муайян кардани захираю имконоти мамлакат дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС аз бойгонӣ








Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






