Намояндаи Тоҷикистон дар Пекин иқтидори васеи соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10-11 сентябр муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, доир ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон сухан намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Рустам Холматиён оид ба иқтидори васеи соҳаи сайёҳӣ, имконияти ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, табиати нодири Тоҷикистон, мероси бойи фарҳангӣ ва сиёсати давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, ҳамчунин иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуд.
Дар конфронс, ки аз ҷониби Федератсияи шаҳрҳои сайёҳии ҷаҳонӣ (WTCF — World Tourism Cities Federation) ташкил карда шуд, роҳбарони масъули соҳаи сайёҳӣ аз 46 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Зимни муҳокимаҳо масоили рушди устувори сайёҳӣ, густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имконоти рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Душанбе аз соли 2017 аъзои Федератсияи шаҳрҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар чаҳорчӯби узвият дар ин ташкилоти бонуфуз шаҳри Душанбе пайваста дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






