Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид

Сентябрь 21, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 ва нақшаи амал барои солҳои 2026–2035» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласа бо иқдоми Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои Конвенсияи Стокҳолм оид ба ифлоскунандаи устувори органикӣ» гузаронида шуда, дар он намояндагони ташкилоти ҷамъиятии шарик — созмони экологии «Пешсаф» иштирок намуд, ки дар таҳияи ҳуҷҷати стратегӣ саҳми фаъол гузошта буд.

Ҳадафи асосии ҷаласа шинос намудани ҷонибҳои манфиатдор бо самтҳои калидӣ, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи Стратегияи миллӣ, инчунин муҳокимаи роҳҳои ҳамоҳангсозии муассир барои расидан ба натиҷаҳои устувор дар соҳаи идоракунии партовҳо буд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки тасдиқи ин стратегия қадами муҳим дар самти идоракунии экологии бехатар ва оқилонаи партовҳо дар мамлакат мебошад.

17 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2035» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ҷаласаи мазкур яке аз марҳилаҳои калидӣ барои иҷрои ин супориш мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид