Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд

Сентябрь 3, 2025 08:52

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол тасмим гирифтанд, ки доир ба омӯзиши хусусияти сабзишу ҳосилнокии чанд зироати кишоварзӣ дар  водии кӯҳистони Яғноб, дар балании бештар аз 2300 метр аз сатҳи баҳр таҷрибаи илмӣ гузаронанд.

Мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Қурбоналӣ Партоев иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим олимонро водор месозад, ки минбаъд ба минтақаҳои кӯҳии мамлакат бештар рӯ оваранд. Яъне, дар ин минтақаҳо таҷрибаи илмӣ гузаронида, ба мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба ин раванди номатлуб мусоидат намоянд.

«Ин баҳор, дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон мо ба деҳаи хушманзараи Хишортоби водии Яғноб тухмиҳои картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, гандум, нахӯд, каду, сулӣ, помидор, бодиринг ва ғайра оварда, дар замини хоҷагии деҳқонии Некмаҳмад Сафаров кишт намудем. Ба қитъаи замини таҷрибавӣ дар вақти кишт нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ворид намудем. Гузаронидани кишти тухмиҳо аз рӯи нақшаи зарурӣ ба роҳ монда шуд»,-гуфт Қурбоналӣ Партоев.

Дар давраи нашъунамои зироати киштгашта нарм намудани байни қаторҳо, обмонӣ, дур сохтани алфҳои бегона ва дигар чорабиниҳои агротехнологӣ, инчунин мушоҳидаҳои морфологӣ ва баҳодиҳии сабзиши ниҳолҳо дар давраҳои муайяни рушди онҳо сари вақт гузаронида шуд.  Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар шароити боду ҳавои мусоиди водии Яғноб ҳама зироати киштгашта хеле нағз нашъу намо намуда, ҳосили дилхоҳ доданд.

«Бояд гуфт, ки боду ҳавои мусаффои кӯҳистони ин водии биҳиштосо, обҳои нуқрагини чашмаҳои кӯҳӣ, хокҳои серҳосил ва набудани ҳар гуна касалию ҳашароти зараррасон барои ба даст овардани ҳосили тухмии хушсифати зироат, меваҳои болаззати помидору бодирингу каду ва лӯндаҳои хушсифати картошка хуб мусоидат менамоянд. Мо имсол дар ин минтақа бештар аз 20 намунаи гуногуни картошкаро, ки олимони Федратсияи Русия, Тоҷикистон ва Ҳолланд ба даст оварда буданд, кишт кардем»,-илова намуд олим.

Қурбоналӣ Партоев афзуд, ки  дар қитъаи таҷрибавӣ мо охири моҳи август ҳослнокии намунаҳои гуногуни картошкаро муайян намудем. Бояд гуфт, ки қариб ҳамаи намунаҳои картошка дар ин минтақаи кӯҳӣ ҳосили дилхоҳ доданд. Махсусан, навъҳои нави картошка, ки дар шароити Тоҷикистон ба даст омадаанд, ба монанди «Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол», «Мастчоҳ», «Академия миллӣ-1», «Файзобод», «Рашт» ва «Нилуфар» ба ҳисоби миёна ба даст овардани ҳосилнокии 300-400 сентнер аз як гектарро таъмин намуданд.

Аз навъҳои картошкаи олимони Русия бадастоварда, ки мо онҳоро дар қитъаи таҷрибавӣ кишт намудем, ба монанди Садон, Ариел ва Фаско низ ҳосили 280-390 сентнер аз як гектар ба даст овардем. Ҳосили навъҳои селексияи олимони рус дар шароити водии Яғноб нисбат ба дигар навъҳои картошка тақрибан 10-12 рӯз пештар пухта расид. Мо тасмим гирифтем, ки дар оянда тавассути дурагакунии навъҳои селексияи тоҷик ва рус метавон намунаҳои серҳосил ва тезпази картошкаро ба даст овард.

Навъҳои картошкаи селексияи кишвари Ҳолланд-«Пикассо» ва «Алладин» ҳам нисбатан тезпаз буданд ва ба даст овардани ҳосили то 280-370 сентнер аз як гектарро таъмин намуданд.

Чизи дигаре, ки барои корҳои селексионӣ зарур аст, ин хеле бисёр гул кардани намунаҳои картошка ва аз гулҳо ҳосил гаштани ғӯрраҳои картошка мебошад.

Мушоҳидаҳои мо собит намуданд, ки нишонаи генетикии навъҳои картошка- ҳосилшавии ғӯрраҳо дар водии Яғноб, ки ҳавояш хеле салқин аст, нисбат ба дигар минтақаҳои кӯҳии мамлакат зиёд аст ва дар оянда барои ривоҷи корҳои генетикию селексионӣ дар ин водӣ шароити табиӣ мутобиқ мебошад.

«Ҳамаи зироати киштнамудаи мо дар водии Яғноб вобаста ба ташаккули ҳосилнокиашон натиҷаҳои мусбат доданд. Дар оянда нақша дорем, ки корҳои илмиро дар водии зархези Яғноб боз ҳам васеътар ба роҳ монем»,-таъкид намуд олими тоҷик.

АКС: Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад