ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқа се медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Дар рӯзи якуми нахустин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 220 варзишгар аз 12 давлат идома дорад, паҳлавонони Тоҷикистон аз намуди самбои варзишӣ байни мардон соҳиби се медал, аз ҷумла 1 нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Медали нуқраро Анӯшервон Назарзода (58 кг) ва медалҳои биринҷиро Комроншоҳи Устопириён (98 кг) ва Хуршед Маҷидзода (+98 кг) ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 20 сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Зимни ифтитоҳи мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор дошт, ки баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон далели муҳимии рушди самбо дар кишвар буда, дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстии байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад дошт.
Мусобиқа то 21 сентябр идома ёфта, варзишгарон дар ду бахш — самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар 14 вазн байни мардону занон рақобат менамоянд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгаронварзишгарон Анӯшервон Назарзода (58 кг), Хурсандмурод Баҳромов (58 кг), Сорбон Латипов (64 кг), Нозимҷон Охиров (64 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Деваштич Устопириён (71 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (79 кг) , Деваштич Убайдӣ (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг), Ҳамроз Раҷабов (88 кг), Муҳаммадҷон Зоидов (98 кг), Комроншоҳи Устопириён (98 кг), Хуршед Маҷидзода (+98 кг), Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+98 кг) ва Гулнора Насриддинова (65 кг) намояндагӣ мекунанд.
Натиҷаҳои рӯзи якум (20 сентябр):
🤼 Самбои варзишӣ – мардон
🔸58 кг
🥇 Жассулан Нариманов 🇰🇿
🥈Анушервон Назарзода 🇹🇯
🥉Армат Кабдолов 🇰🇿
🥉Максадбек Комилов 🇺🇿🔸
🔸64 кг
🥇Жандос Бейсенбаев 🇰🇿
🥈Шоҳзод Давронов 🇺🇿
🥉Денис Пастернак 🌐 (FIAS 1)
🥉Сардор Олимҷонов 🇺🇿
🔸71 кг
🥇Арнур Куатай 🇰🇿
🥈Элдар Гажиев 🌐 (FIAS 1)
🥉Ғолибҷон Сулаймонов 🇺🇿
🥉Убайдулло Муминов 🇺🇿
🔸79 кг
🥇Руслан Абдулмеджидов 🌐 (FIAS 1)
🥈Арман Багдасарян 🌐 (FIAS 1)
🥉Санжар Нурсеит 🇰🇿
🥉Иля Ламиваротау 🌐 (FIAS 2)
🔸88 кг
🥇Владислав Панов 🌐 (FIAS 1)
🥈Ёқубҷон Назиров 🌐 (FIAS 1)
🥉Аляксандр Круҳлик 🌐 (FIAS 2)
🥉Аннасаҳедов Аннагулди 🇹🇲
🔸98 кг
🥇Денис Баканов 🌐 (FIAS 1)
🥈Андрей Айубов 🌐 (FIAS 1)
🥉Комроншоҳ Устопириён 🇹🇯
🥉Мирҷалол Нормуминов 🇺🇿
🔸+98 кг
🥇Аслан Джоев 🌐 (FIAS 1)
🥈Артур Хаптсев 🌐 (FIAS 1)
🥉 Георгий Чагелишвили 🇬🇪
🥉Хуршед Маҷидзода 🇹🇯
🤼Самбои размӣ – занон
🔹50 кг
🥇 Жадира Паиз 🇰🇿
🥈 Аминат Гуванҷова 🇹🇲
🔹54 кг
🥇 Вера Лоткова (🌐 FIAS 1)
🔹59 кг
🥇 Мадина Айдогдиева 🇹🇲
🥈 Елизавета Лапаева (🌐 FIAS 2)
🥉 Хуршида Абдувоҳидова 🇺🇿
🥉 Гулзира Кудасбек 🇰🇿
🔹65 кг
🥇 Зебо Орунова 🇹🇲
🥈 Гуласал Облоқулова 🇺🇿
🔹72 кг
🥇 Ияна Полякова (🌐 FIAS 1)
🥈 Гулзода Ҷорақулиева 🇹🇲
🔹80 кг
🥇 Ияна Козирева (🌐 FIAS 1)
🥈 Ултай Сеиилова 🇰🇿
🥉 Камола Вафоқулова 🇺🇿
🔹+80 кг
🥇 Анжела Гаспариан (🌐 FIAS 1)
🥈 Валерия Хрушчова (🌐 FIAS 2)
🥉 Шаҳризода Равшанова 🇺🇿
Мусобиқа имрӯз бо рақобатҳои ҳалкунанда ва маросими ҷамъбасти расмӣ идома хоҳад ёфт. Ғолибон бо ҷом, медалҳо ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд






