ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар робита ба таъриху устура дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ ва паёми ҳувиятсози ӯ дар бораи шинохти гавҳари зотӣ чунин ибрози андеша намуд:
— Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389) дар минтақае по ба олами ҳастӣ ниҳод ва умри пурбори худро ба сар бурд, ки дар рӯзгори қадим маҳди тамаддуни ориёӣ ва маркази давлатдории хонадони маъруфи Ҳахоманишиён (705 то мелод-330 то мелод) ба шумор мерафт. Воқеан дар чандфарсахии шимоли шарқи зодгоҳи Хоҷа – шаҳри Шероз Тахти Ҷамшед ва дар ҷавори вай шаҳри Истахр ва мавзеъҳои қадими таърихии Нақши Рустам, Каъбаи Зардушт ва Нақши Раҷаб, ҳамчунин дар чандфарсахии шимоли шарқи Тахти Ҷамшед – Пасаргад, ки оромгоҳи Куруши Бузург дар он мавзеъ ҳанӯз побарҷо аст, воқеъ гардидаанд.
Бинобар ин, шубҳае нест, ки Хоҷа аз айёми тифлию наврасӣ шукуҳу шаҳомати ин мавзеъҳои таърихиро ба чашми худ дида, бо таърихи ин ёдгорҳои куҳан аз наздик шинос гардида буд. Ҳамин аст, ки дар сурудаҳои дилпазираш таърихи пешиниён ва шоҳону хусравони Аҷам бо таҳсину тамҷид ёд шудааст. Ин таҳсину тамҷид дар «Соқинома»-и ӯ бо рангу ҷилои хос ба дид меояд:
Биё, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.
Бидеҳ, то бигӯям ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай?
Дам аз сайри ин дайри дерина зан,
Саное ба шоҳони пешина зан…
Дар «Соқинома» ҳамчунин ба таърихи Турон, подшоҳии Афросиёб, Пирони вазир ва Шедаи писари Афросиёб, ки дар ҷанги Хоразм ба дасти Кайхусрави писари Сиёвуш кушта шуд, ишора рафтааст. Зимнан, ба қавли муаррихони таърихи қадим, Хоразм ва фармонравоии он дар дасти Кайхусрави писари Сиёвуш буд, ҳамин сабаб гардид, ки Афросиёб писараш Шедаро ба ҷанги Кайхусрав ва фатҳи Хоразм фиристод, вале комёб нашуд:
Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.
Куҷо ройи Пирони лашкаркашаш?
Куҷо Шеда он турки ханҷаркашаш?
Дар «Соқинома» Хоҷа таъкид бар он дорад, ки гузашти рӯзгор на танҳо айвону қасри Афросиёбро ба бод дод, балки мазору дахмаашро ҳам аз ёдҳо бурд:
На танҳо шуд айвону қасраш ба бод,
Ки кас дахма низаш надорад ба ёд.
Ҳамон марҳала-ст ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.
Номбар кардани ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар таърихи ҳамосии мардуми мо шоҳи Туронзамин – Афросиёб бо асолати эронии худ ифтихор дошт ва Фирдавсӣ қавли ӯро дар бобати Тури писари Фаридун будани ниёяш дар «Шоҳнома» ёд кардааст:
Ҳама шаҳри Эрон сарои ман аст,
Ки Тури Фаридун ниёи ман аст.
Дар «Соқинома» ҳамчунин зарурати ёдкарди шоҳи Сосониён Хусрав ва муғаннии пуровозаи дарбори вай Борбад ва ба ин васила шодкарди равони ин бузургмардон таъкид гардидааст:
Муғаннӣ навое ба гулбонги руд,
Бигӯю бизан хусравонӣ суруд.
Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.
Дар сурудаҳои Ҳофиз, бахусус дар ғазалиёти дилангези ӯ аз шоҳони пешдодӣ ва хусравони аҳди қадим бештар Ҷамшед – бо ду гуна: Ҷамшед ва Ҷам ёд шудааст:
Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Ёдкарди фаровони Ҷамшед ва ҷоми ҷаҳоннамои ӯ дар сурудаҳои Хоҷа амри тасодуф нест. Чунин ба назар мерасад, ки Хоҷа аз хуфтани давлати бедори пешиниёнамон бо афсӯсу андӯҳ ба тахти Ҷамшед муроҷиат фармуда, аз он мадад ҷустааст:
Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?»,
Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».
Аз шоҳону шоҳзодагони қадими пешдодию каёнӣ дар баробари Ҷамшед ҳамчунин номҳои Сиёмаки писари Каюмарс ва Зави писари Таҳмосб («Аз афсари Сиёмаку тарҳи кулоҳи Зав»), Фаридуни писари Обтин («Фаридуну Ҷамро халаф чун ту нест»), Ковуси писари Кайқубоду Кайхусрави писари Сиёвуш («Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав»), Баҳмани Исфандиёру Қубод («Зи косаи сари Ҷамшеду Баҳман асту Қубод») ёд шудаанд.
Аз шоҳони ҳахоманишию мақдунӣ: Дорову Искандар («Ойинаи Сикандар ҷоми май аст бингар, / То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро»), аз дигар бузургмардону паҳлавонони устуравӣ: Золу Дастон («Туро кӣ гуфт, ки ин Зол тарки Дастон гуфт?»), Рустам («Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?»), Сиёвуш («Шарме аз мазлимаи хуни Сиёвушаш бод!»), аз хусравону бузургмардони аҳди Сосониён: Кисрову Парвез («Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвез аст»), Баҳроми Гӯр («Ки ман паймудам ин саҳро на Баҳром асту на гӯраш») ва ғайра иброз гардидаанд.
Дар маҷмуъ, паёми Хоҷа ба мо аз таърихи гузаштагон ва ёдкарди чеҳраҳои маъруфи устураву таърих таъкиди ин ҳақиқат аст, ки танҳо фирефтаи гузаштаи пурифтихори «аз гавҳари Ҷамшеду Фаридун» набошем, балки бояд гавҳари зотии худро ошкор намуда, ба маърази назарҳо бигзорем:
Тоҷи шоҳӣ талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой,
В-ар худ аз гавҳари Ҷамшеду Фаридун бошӣ.
Ин паёми ҳувиятсоз воқеан ҳушдорест, ки мо – тоҷиконро дар рӯзгори истиқлол ва давлатдории миллӣ ба зоҳир намудани гавҳари зотӣ ва ба ин васила расидан на танҳо ба асли худ, балки ба имрӯзсозию фардосозии шоиста фаро мехонад.
АКС аз манбаъҳои боз








«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд






