Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, дар деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаҳои нави истеҳсоли орд, равған, афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушкро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки бо оғози фаъолияти 4 корхонаи муосири саноатӣ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.
Корхонаҳои истеҳсолӣ дар Маҷмааи саноатии ноҳияи Балҷувон дар масоҳати зиёда 1 гектар аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо арзиши 9 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Рушди Балҷувон оғоз шуд.
Дар корхонаи мазкур бо истифода аз таҷҳизоту технологияи замонавӣ дар як шабонарӯз то 20 тонна орд истеҳсол мешавад.
Дар ин ҷо гандуми маҳаллӣ ва ашёи хоми воридотӣ бо сифати баланд коркард шуда, маҳсулоти тайёр бо тамғаи Орди Балҷувон ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҳоло дар ду хатти технологии корхонаи дигари саноатӣ равғани пахта ва офтобпараст дар зарфҳои аз 3 то 10 литра банду баст мешаванд.
Таъсиси корхонаҳои нав дар ин самт, вобастагии бозори дохилиро аз маҳсулоти воридотӣ давра ба давра коҳиш дода, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонад.
Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи муосири саноатӣ барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Адҳами Холбобо бунёд шудааст.
Барои коркарди маҳсулот дар корхонаи мазкур ду хатти технологӣ насб шудааст, ки тавассути он дар як рӯз 1000 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот ва 15 ҳазор қуттӣ мураббои себ истеҳсол мешавад. Аввалин маротиба аз ноҳияи Балҷувон меваи хушк содирот мегардад.
Дар ноҳияи Балҷувон бо назардошти афзоиши талабот ба афшӯраи меваю сабзавот ва меваи хушк майдони боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалзор васеъ мегарданд.
Акнун меваю гиёҳҳои шифобахши боғу ҷангалзори ноҳия дар ин корхонаи муосир бо сифати баланду тарҳи ҷолиб коркард шуда, бо тамғаи Файзи Балҷувон ба мизоҷон пешниҳод мешавад.
Дар корхонаи навтаъсис аз меваю гиёҳҳо зиёда аз 25 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхонаҳои навтаъсис муаррифӣ шуд.
Тибқи иттилоъ дар корхонаҳои тозабунёд истеҳсоли 40 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор рақобатпазир буда, дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ ҳамзамон содирот мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.









Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






