Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд

Сентябрь 22, 2025 21:26

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

“Мо  раванди рушди робитаҳои ҳамкории  Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи муколама ва тамосҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки истифода аз захираҳои фаровони табиӣ ва башарии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои энергияи “сабз”, маъданҳои нодир ва дар якҷоягӣ бо технологияҳои пешрафтаву сармояи Португалия метавонад ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намояд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои башарӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ва табодули устодону донишҷӯён низ дорои имконоти фарох арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла атрофи мавзӯъҳои вобаста ба обу иқлим ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳони пешгӯинашавандаи имрӯза сурат гирифт.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза 22.09.2025

Сентябрь 22, 2025 21:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025