Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд

Сентябрь 15, 2025 19:25

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Роҳбари давлати мо аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, изҳори таассуф намуда, ин амалкардро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар номиданд.

“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо зимни суханронӣ рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёнаро, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таҳлил намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб карданд.

“Боиси таассуфи шадид аст, ки дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд”, — изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурданд.

Гуфта шуд, ки бидуни ҳамкории самарабахшу судманди ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои пешрафта дастёбӣ ба ҳадафҳои олии созмон ғайримкон аст.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон арзёбӣ намуданд.

Дар идома таъкид гардид, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.

Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуда, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи имрӯзаи мо ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ 15.09.2025

Сентябрь 15, 2025 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик