Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонд намудан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионӣ — Каримзода Карим Мазиё, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хушмаҳмадзода Алифмо, Ҷуразода Насиба Ермад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Ваҳобзода Шаҳло Хотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон — аз вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Раҷабзода Парвина Шариф — аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан, Абдураҳимзода Дилором Рустам — аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ — аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам — муовини раиси Суди конститутсионӣ ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ — судяи Суди конститутсионӣ, Раҷабзода Ҳотам Назар -муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхӯҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






