Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои аъзои Созмонро ба муносибати 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид самимона табрику таҳният гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳолати ноустувору номуайян ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ шудани ҷаҳони муосир ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз кишварҳои олам даъват карда шуд, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста талош варзанд. Дар ин зимн, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург иқдоми муҳим ва саривақтӣ номида шуд.
Аз вазъи душвори давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ёдовар шуда, андешидани чораҳои ҷиддиро барои таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз ислоҳоти муассир ва одилонаи василаҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Гуфта шуд, ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд.
Даъват карда шуд, ки ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, ки боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гаштаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Зикр карда шуд, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд.
“Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем”, таъкид доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ибтикори навбатии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тадбирҳои амалии андешидаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” ҷалб намуда, аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
“Мо ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф таъкид менамоем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо бо дарки амиқи ин воқеият пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват карда шуд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ ба хотири амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ, андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки амнияти киберӣ бояд ҷузъи муҳимми амнияти дастҷамъӣ бошад.
Гуфта шуд, ки ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, бахусус Дафтари он оид ба мубориза бо терроризм, метавонанд дар татбиқи ҳамаҷонибаи стратегияҳо ва барномаҳои глобалии зиддитеррористӣ саҳми муассир гузошта, дастгирии кишварҳои узвро дар ин самт тақвият бахшанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пешниҳоди нави худ дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.
Президенти кишвари мо аз тамоми кишварҳои аъзо даъват намуданд, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи Фаластин ва сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст.
Дар ин зимн, Роҳбари давлати мо даъват намуданд, ки “дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад”.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон мебошад.
“Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, “Созмони Милали Муттаҳид-2.0” ва “Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баробари ин, аз “Паймон ба хотири оянда” ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол карда шуд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкории муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошад.