Нигоҳе ба 30 соли Гвардияи миллӣ дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ

ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон замоне истиқлоли сиёсӣ ба даст овард, ки раванди тақсимоти нави ҷаҳон оғоз гардид. Вазъи мавҷуда боиси он гардид, ки дар баъзе манотиқи олам тамоюли азхудкунии фазои геосиёсӣ ва иқтисодию мафкуравии минтақаҳои олам сар шуда буд. Ҳолати мавҷуда боиси он гардид, ки дере нагузашта дар пасманзари талоши қувваҳои манфиатхоҳи сиёсӣ кишварҳои алоҳидаи дунёро абри сиёҳи муноқиша ва низоъҳои таҳмилии дохилидавлатӣ фаро гирифт. Абзори асосии суиистифода дар раванди ин воқеаҳои нангин унсури мафкуравӣ ва дар ин замина ҷудоиандозӣ буд.
Тамоюли мазкур дар таърихи сиёсии муосири тоҷик теша бар решаи давлати нав истиқлолёфтаи Тоҷикистон мезад. Аз дастоварди таърихии касби истиқлоли давлатӣ соле нагузашта, дар оғози соли 1992 Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор омад. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ то ҷое аланга зад, ки миллати баъд аз ҳазорсола соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардидаи тоҷикро хатари боз ба саҳифаҳои беранги таърих баргаштан таҳдид менамуд.
Хиради азалӣ боло гирифт ва бори дигар фарзандони сарсупурдаи миллат ба ёриаш расиданд, то онро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд.
Ҳамин тавр, 19 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он замон вазъият дар ҷумҳурӣ то ба дараҷае мураккаб буд, ки сохторҳои қудратии мамлакат фалаҷ гардида, кафолати ҳифзи ҷони шаҳрвандон, фаъолияти озоди ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро дода наметавонистанд. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи мамлакат изҳор доштанд, ки “мо вазифадорем аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем”. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд.
Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ҳамон рӯз, яъне 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳо тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд.
Дар робита ба ин яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатӣ, ки таъсиси он дар ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда мегузошт, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин сохтори бонуфузи низомӣ 17 январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал (қисми ҳарбии 3571-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис ёфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ гардид.
Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси ин ниҳоди сирф миллӣ бо устувориву матонат ба иҷрои хизмат шуруъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихи миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони муқовимат зафар ёфта, эътимоди баланди Сарвари давлат ва мардуми мамлакатро соҳиб гардиданд.
Бо назардошти падидаҳои нав дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳарбии дунё ниҳоди мазкур зери таваҷҷуҳи пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, заминаҳои моддию техникӣ ва меъёрию ҳуқуқии Гвардияи миллӣ ба тақозои замон мутобиқ гардонида шуданд.
Ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ. Таҳлили раванди ташаккули фаъолияти Гвардияи миллӣ нишон медиҳад, ки Роҳбари давлат ва фармондеҳони Гвардияи миллӣ аз лиҳози таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки омили муҳим дар ташкили хизмати ҳарбии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ мегардад, ба ислоҳоти ҳамқадам бо замон даст заданд. Маҳз чунин равиши бонизом, ки унсури асосии боло рафтани иқтидори мудофиавии мамлакат мегардад, ба ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мусоидати ҷиддӣ намуд.
Таҳлили ин раванд нишон медиҳад, ки дар заминаи ислоҳоти фарогир бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Бо мақсади таҳкими асосҳои ҳуқуқии таъсисёбӣ, вазифа, принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани мақоми ин ниҳод ҳамчун сохтори мустақил 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.
Дар асоси ин санад принсипҳои фаъолият, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ, мансубияти ҳизбӣ, нишон ва рамзҳо, вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳо, роҳбарӣ, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳ, сарситод, ҳайати шахсӣ, тартиби хизмати ҳарбӣ, пуррагардонӣ бо ҳайати шахсӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он, таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъминоти амнияти давлатӣ дар он, назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо муқаррар гардиданд.
Дар асоси қонуни мазкур яке аз вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ ҳамчун воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз «ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз» муқаррар гардид. Ҳамзамон танзими фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Низомнома ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мақоми миллӣ ва давлатии онро ҳамчуни ниҳоди мустақил ва тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боло мебарад.
Ҳимоя ва муаррифии муқаддасоти миллию давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ. Таҳлили фаъолияти Гвардияи миллӣ давоми 30 соли мавҷудият нишон медиҳад, ки он ҳамчун ниҳоди сирф миллӣ ва муҳими давлатӣ на танҳо дар ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, балки муаррифии муқаддасоти миллию давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми беандоза дорад.
Масъалаи ҳимоя ва муаррифии муқаддасоти миллию давлатӣ дар фаъолияти Гвардияи миллӣ дорои ду ҷанба мебошад: дохилӣ ва байналмилалӣ.
Ҷанбаи дохилӣ масъалаи асосӣ дар самти ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи меъёрҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷониби баталёни Қаравули фахрии Гвардияи миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин маҳз баталиони Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ баёнгари оини давлатдорӣ ва фарҳанги миллати мутамаддини тоҷикон мебошад.
Ҷанбаи байналмилалӣ иштироки баталиони Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ дар маросими қабул ва гусели сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, инчунин якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин саҳми Гвардияи миллӣ дар муаррифии давлату миллат мебошад.
Ҳамзамон 30 августи соли 2011 дар чорабинии муҳимми сиёсӣ- маросими ботантанаи афрохтани Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи 165 метр, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил гардид, маҳз ифтихори барафрохтанаш бар дӯши Баталиони Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ буд.
Таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва қадрдонии ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ. Анҷоми фаъолияти босамари касбӣ, тақвияти имконияти зеҳнии Гвардияи миллӣ, ки омили муҳимми таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар робита ба ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020 солгарди Гвардияи миллӣ таҷлил гардидаанд.
Дар ин замина таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаи таъминоти моддию техникии хизматӣ ва сатҳи зиндагии ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ шоистаи таҳсин мебошад. Маҳз бо пешбурди фаъолияти босамари касбӣ ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ пайваста бо ҷоиза, мукофот ва рутбаҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.
Агар ба таҳлили омори расмӣ таваҷҷуҳ намоем, дар заминаи хизмати содиқона ва фидокориву корнамоиҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ онҳо пайваста аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордену медалҳо ва дигар мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар маҷмуъ, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.
Фармондеҳони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ, иҷрои барнома ва стратегияҳои давлатӣ, мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, терроризм, тахрибкорӣ мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ ва бақои давлату миллат низ саҳми бағоят муҳим гузоштаанд.
Саидҳомид ШАРИФЗОДА,
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон