Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад

Март 17, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16–17 март дар шаҳри Венаи Австрия конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ баргузор мегардад. Дар ин конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода иштирок дорад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати мамлакат дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистонро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муосир, аз ҷумла қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи конфрос муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода  бо муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико Девид Бедард ва Котиби генералии Интерпол Валдес Уркиза вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои тақвият додани ҳамкориро дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда баррасӣ намуданд.

Инчунин 16 март вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Австрия Штромайер Гераллд баргузор гардид.

Иброз гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омода аст, ки бо Вазорати корҳои дохилии Австрия ҳамкориро дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон тақвият диҳад.

Пешниҳод карда шуд, ки байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ санади дахлдор ба имзо расонида шавад.

Таъкид шуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо ба боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкории байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд