Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31 август то 3 сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр — Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи он бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 8 санади нав доир ба рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин ба имзо расид.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






