«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки 27 сентябр таҷлил мешавад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинон ва меҳмонони пойтахт хатсайри ройгони сайёҳии «Сайри Душанбе» (City Tour) ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи ин иқдом рушди соҳаи сайёҳӣ, шинос намудани иштирокчиён бо таъриху фарҳанг ва маконҳои ҷолиби пойтахт ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳри Душанбе арзёбӣ мешавад. Дар доираи хатсайр роҳбаладон вобаста ба фарогирии иштирокчиён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи имконияти сайёҳии Душанбе маълумоти муфассал медиҳанд ва барои болидахотирии иштирокчиён бо иштироки ҳунармандон мусиқии зинда пешниҳод карда мешавад.
«Сокинону меҳмонон имкон доранд худро тавассути саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (ба тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайри сайёҳии «City Tour» ройгон истифода баранд», — илова намуданд аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Макони ҷамъшавӣ назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, хатсайр 27 сентябр аз соати 19:00 то 20:30 баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1979 инҷониб ҳамасола 27 сентябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






