Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз хоҷагии деҳқонии Чаноро дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод дар деҳаи Хами Савраи деҳоти Ҷавонон аз қитъаи замини помидор дар хоҷагии деҳқонии Чаноро дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки майдони умумии хоҷагии деҳқонии Чаноро 611 гектарро ташкил дода, имсол саҳмдорони хоҷагӣ дар баробари дигар зироатҳои кишоварзӣ дар 4 гектари он помидори гулобии хоси ноҳия ва навъҳои дурагаи серҳосил кишт намуданд.
Ҳосилнокии ин навъҳо тибқи хислатномаашон бо назардошти риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 500 то 700 сентнерӣ аз ҳар гектар мебошад.
Имсол низ чун солҳои қаблӣ дар ин самт саҳмдорони хоҷагӣ пешсаф буда, барои таъмини бозори истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат масъулият доранд.
Ҳосили фаровони помидор дар ин хоҷагӣ заҳмати пайваста ва дилбастагии саҳмдоронро ба замин бозгӯ мекунад.
Зимни суҳбати самимӣ кишоварзон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои рушди ин бахши кишоварзӣ фаъолиятро аз рӯйи таҷрибаи андӯхтаашон боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва саҳмдорони хоҷагӣ барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, васеъ намудани масоҳати кишт, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосил ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Иқлими ноҳия барои ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ мувофиқ буда, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 355,6 гектар навъҳои серҳосили помидор кишт гардид. Ҳосили ҷамъоваришуда аз ин навъи сабзавоти серталабот ба ҳолати 28 сентябри соли равон 5 ҳазору 714 тоннаро ташкил додааст.









СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






