Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд

Сентябрь 12, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шамшербозӣ байни наврасон дар ҳисоби даставӣ дар риштаи рапира дар Ҷоми Осиё оид ба шамшербозӣ байни наврасон, ки дар Тошканд баргузор гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин натиҷа дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин намуди варзиш маротибаи аввал мебошад. Ҷойи аввал ва дуюм насиби давлатҳои Узбекистон ва Қазоқистон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар: Саъдиа ва Сумая Муродоваҳо ва Аниса Насимова намояндагӣ карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 12, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд