«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Кӯлоб барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 11, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир мегардад.

Озмун аз чор давр иборат буда, даври якум моҳи марти соли 2026 дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм моҳи апрели соли 2026 дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) доир мегардад.

Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон доир шуда, даври чоруми озмун моҳи декабр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстдорӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд