СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ УСТОД РӮДАКИСТ. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ҳамоиши адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ Устод Рӯдакист» ҳамоиши адабӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки ҳадаф аз таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ гиромидошт ва арҷгузории асосгузори адабиёти классикии тоҷик — Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги пурғановати гузаштагони халқи тоҷик мебошад.
Шеъри Рӯдакӣ беш аз ҳазор сол аст, ки паёми озодию истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкорию ҷавонмардӣ ва зебоию нафосат мерасонад. Он барои наслҳои имрӯза ва оянда низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад.
Таъкид шуд, ки панду андарзҳои шоир хеле дилкашу гуворо буда, аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии Устод моро ба ҷавонмардию ростқавлӣ, илмандӯзию фарҳангдӯстӣ даъват менамоянд ва дар замирамон некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарваранд. Устод Рӯдакӣ бо осори саршор аз панду насиҳат, бузургдошти илму дониш, накукорӣ ва инсондӯстӣ ҳамчун пири шоирони форсигӯи тамоми дунё пазируфта шудааст.
Ҳамин аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Таҷлили ин рӯз бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик ба Одамушшуаро эҳтироми хосса дошта, панду андарзҳои ӯро дастурамали зиндагии худ қарор додаанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






