Соҳибистиқлолӣ заминаи устувори рушди илми тоҷик аст

Сентябрь 5, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, оғози давраи нави таърихи миллат буд. Маҳз соҳибистиқлолӣ шароити заруриро барои эҳё ва рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва маориф фароҳам овард. Агар пештар илм ба таври мустақил рушд намекард, пас имрӯз он ба унвони пояи асосии тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат гардидааст.

Тоҷикон аз давраҳои қадим мероси ғании илмӣ ва фарҳангиро ба мерос гирифтаанд. Алломаҳои бузург — Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Умари Хайём ва дигарон на танҳо дар рушди илми миллӣ, балки дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ низ саҳм гузоштаанд. Аммо танҳо баъди истиқлолият имкони воқеии ташаккули мактабҳои миллии илмӣ ва пешрафти мустақили илм дар мамлакат фароҳам омад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро чун пояи рушди давлат эътироф намуда, якчанд барномаҳо ва стратегияҳои муҳимро дар ин самт амалӣ мекунад. Инчунин стипендияҳо ва грантҳои илмӣ таъсис ёфта, барномаҳои махсуси дарёфти истеъдодҳо ва амсоли инҳо ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз садҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил карда, пас аз бозгашт ба Ватан дар рушди илм ва истеҳсолот саҳм мегузоранд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ на танҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои иқтисоди миллиро омода мекунад, балки дар раванди иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ нақши муҳим мебозад. Ҳар сол дар донишгоҳ конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои рушди сайёҳӣ, иқтисоди рақамӣ, соҳибкорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ мегарданд.

Дар шароити муосир илм бе технология ва инноватсия пеш рафта наметавонад. Бо ҳамин мақсад дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст. Вазифаи он ташкили муҳити замонавии илмӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва татбиқи дастовардҳои нав дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад.

Соҳибистиқлолӣ инчунин барои густариши ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тавонист бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешрафтаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Осиё созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад. Дар доираи ин ҳамкорӣ табодули донишҷӯёну устодон, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва аз ҳама муҳим, муҳити мусоиди илмӣ-инноватсионӣ ба вуҷуд омад.

Ҳамин тавр, истиқлол барои илми тоҷик сарчашмаи рушд ва навсозӣ гардид. Имрӯз олимон ва ҷавонони боистеъдод бо пуштибонии давлат талош доранд, ки илми миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ барояд, ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат кунад ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардорад.

Исломбек ЗОИРЗОДА,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд