Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ

Сентябрь 24, 2025 02:25

24.09.2025, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз, ки мо аз 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил менамоем, ҳамаи кишварҳои узвро ба ин муносибат самимона табрику таҳният мегӯям.

Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст.

Ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд.

Дар баробари ин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ба раванди рушди устувори глобалӣ маҳдудиятҳо ворид мекунанд.

Дар чунин шароити мураккаб ва тағйирёбанда нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон беш аз пеш аҳаммият пайдо мекунад.

Аз ин лиҳоз, кишварҳои моро зарур аст, ки дар амалияи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи ин асолат — бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ — якҷо ва пайваста талош варзанд.

Дар ин раванд, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Муҳтарам Раис,

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо Ҳадафҳои Рушди Устувор комилан ҳамсадо аст ва мо ҷонибдори татбиқи пурра ва саривақтии ин банди рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошем.

Мутаассифона, давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошанд.

Онҳо, бахусус кишварҳои осебпазир, зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро ҷиҳати таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ эҳсос мекунанд.

Бо вуҷуди талошҳои дастҷамъона дар ин ҷода, ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад.

Чунин ҳолат вокуниши саривақтӣ, ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва бознигарии равишҳоро вобаста ба низоми байналмилалии молиявӣ тақозо менамояд.

Тоҷикистон аз ислоҳоти муассир ва одилонаи василаҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар марҳалаи кунунӣ мо шоҳиди сатҳи нобаробари рушди иқтисодии давлатҳо мебошем ва дар амалияи рафъи ин ҳолат нақши кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ метавонад муассир бошад.

Бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд.

Онҳо ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ, аз ҷумла соқит кардани қарзҳо ниёз доранд.

Аз нигоҳи мо, имрӯз вақти он расидааст, ки сари ин мавзӯи умда ҷиддан фикр кунем.

Ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гардидаанд.

Кишвари мо низ, ки 93 фоизи ҳудудаш аз кӯҳистон иборат аст, аз пайомадҳои манфии ин раванд нигарон мебошад.

Тағйирёбии даври гидрологӣ ва обхезиву хушксолиҳои пайдарпай, инчунин, хокборишҳои шадид дар тӯли чанд даҳсолаи ахир ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқавории Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонанд.

Мо бар асари офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола зарари ҷиддии моддӣ ва молиявӣ мебинем.

Мутаассифона, ин ҳодисаҳо дар аксар маврид боиси талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.

Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд.

Мехоҳам ёдрас шавам, ки тобистони соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мизбонӣ кард.

Ин ҳамоиш аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба мушкилоти криосфера гирди ҳам овард.

Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои оби Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем.

Ҳозирини арҷманд,

Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад.

Кишвари мо дар доираи ибтикори навбатии худ дар соҳаи об дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии хеш тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ман аз кишварҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоям, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.

Ин чорабинӣ, бешубҳа, ба идомаи азму талошҳои муштараки мо дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об такони тоза хоҳад бахшид.

Мо бовар дорем, ки он, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милал дар шаҳри Душанбе заминаи устувор хоҳад шуд.

Муҳтарам Раис,

Институтҳои қавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Мо ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилоф таъкид менамоем.

Бо дарки амиқи ин воқеият Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Мо аз ҳамаи давлатҳои узв даъват менамоем, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд.

Ман аз ҳамаи кишварҳои узв барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” изҳори сипос менамоям.

Итминон дорам, ки қатъномаи 25 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабулгардида ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард.

Дар ин замина таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем.

Ин марказ, бешубҳа, метавонад ба роҳандозии ташаббус ва лоиҳаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо мукаммал гардидани технологияҳои рақамӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ низ меафзоянд.

Дар ин замина, мо таъкид менамоем, ки амнияти киберӣ бояд ҷузъи муҳимми амнияти дастҷамъӣ бошад.

Возеҳ аст, ки дар баробари ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ то ҳол таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошанд.

Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад.

Мо омодаем дар доираи ин раванд ҳамкории созандаро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои узви Созмони Милал ҷиҳати тақвияти муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятии зикршуда ба роҳ монем.

Бар он назарем, ки ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, бахусус Дафтари он оид ба мубориза бо терроризм метавонанд дар татбиқи ҳамаҷонибаи стратегияҳо ва барномаҳои глобалии зиддитеррористӣ саҳми муассир гузошта, дастгирии кишварҳои узвро дар ин самт тақвият бахшанд.

Ҳозирини муҳтарам,

Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем.

Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст.

Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.

Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Мо мавқеи усулии худро дар масъалаи Фаластин таъкид мекунем.

Бар он назарем, ки сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи «ду давлат» имконпазир аст.

Дар ин зимн, зарурати ҳалли масъалаи мазкурро танҳо тавассути музокирот ва роҳҳои дипломатӣ бо риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, алалхусус муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон менамоем.

Мо даъват мекунем, ки дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.

Мо омодаем ба ин раванд мусоидат намоем ва дар ин ҷода ҷомеаи байналмилалиро ба расонидани кумаки башардӯстона, хусусан ба минтақаҳои аз хушксолӣ ва заминларзаи шадид осебдида даъват менамоем.

Ҳозирини муҳтарам,

Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, «Созмони Милали Муттаҳид-2.0» ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд.

Дар баробари ин, мо аз «Паймон ба хотири оянда» ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем.

Ин иқдомот ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро дар амри вокуниш ба таҳдидҳои муосир ва бунёди заминаи устувор барои наслҳои оянда таҷассум менамоянд.

Мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид менамоем.

Танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем.

Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Сентябрь 24, 2025 02:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд