Таҳкими ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар Сиан баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар кори Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Чин, ки аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Сиани Чин доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».
Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Чин ба рушди ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақаи Авруосиё ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай равона гардид. Дар доираи он ҷаласаи пленарӣ ва конфронси молиявӣ доир ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» баргузор карда шуд.
Дар доираи форум гурӯҳи кории «Амонатбонк» бо намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Бонки давлатии рушди Чин, Беларусбонк ва Бонки рушди Қазоқистон оид ба тавсеаи ҳамкории муштарак мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.
АКС: «Амонатбонк»









Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






