Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотию рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми БРИКС оид ба шарикӣ дар самти «интиқоли саноати ҷадид» Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Леченг мулоқоти расмӣ анҷом дода, таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотию рақамӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию рақамӣ, тақвияти барномаҳои омӯзиши кадрҳои баландихтисос ва амалисозии санадҳои ҳамкории дуҷонибаи баимзорасидаро баррасӣ намуданд.
Инчунин самтҳои муштараки академӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешсафи Чин, аз ҷумла Синхуа, Пекин, Нанчин, Шанхай Ҷиао Тонг, омода намудани барномаҳо, стипендияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва маркази додаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориро дар доираи платформаҳои БРИКС, Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ (ITU) ва саҳмгузорӣ ба ташаббусҳои рушди устувор изҳор намуданд.
Ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва ба роҳ мондани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






