«ТАСАЛЛО». Барои кӯдакони гирифтори бемории саратон шуъбаи махсус ифтитоҳ гардид

Сентябрь 19, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон таҳти унвони «Тасалло» шуъбаи кӯдакона ба истифода дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шуъба ба кӯдакони гирифтори бемории саратон хизмат мерасонад.

Шуъба бо ташаббуси муассиси Фонди хайриявии «Лона» муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ таъсис дода шудааст.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ иброз дошт, ки дар ин шуъба ба кӯдакони гирифтори марҳилаи IV бемории саратон кумаки паллиативӣ расонида мешавад. Инчунин дар ин ҷо ҳар шахс, ҳатто дар марҳилаҳои вазнинтарини беморӣ на танҳо бо табобат, балки бо оромиш, дастгирӣ ва эҳтироми инсонии комил таъмин карда мешавад.

Ҳуҷраҳо бо технологияҳои замонавӣ таъмин шуда, барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо шароити мусоид, инчунин имконияти гирифтани ёрии тиббӣ ва руҳию равонӣ фароҳам карда шудааст.  Мутахассисони соҳа бо истифода аз имконияти муҳайёгардида фаъолияти хешро аз пештара ҳам беҳтар менамоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд