Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи рушди иқтисоди «сабз» ва камкарбон густариш медиҳанд

Сентябрь 5, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди «сабз» ва камкарбон ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Имзои ин санад ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти «сабз» ва рушди камкарбон нигаронида шудааст. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди «сабз» ва камкарбон байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин кӯшиши умумии ҷонибҳоро барои таҳкими шарикӣ дар соҳаи рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешбурди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза инъикос мекунад.

Мутобиқи ин санад, тарафҳо ният доранд, ки ҳамкориро дар самти таҳияи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, самаранокии энергия ва технологияҳои камкарбон, табодули дониш, таҷрибаи пешқадам ва таҷриба дар соҳаи маблағгузории «сабз» ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ, мусоидат ба татбиқи ташаббусҳо оид ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисоди ба иқлим тобовар ба роҳ монда, тақвият бахшанд.

Инчунин бо имзои ин санад ҳамкорӣ байни ду давлат дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва татбиқи Рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид барои рушди устувор то соли 2030 таҳким меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад