Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри ХXI ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар радифи давлатҳои рӯ ба тараққӣ мавқеи хоси худро пайдо намудааст.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардида аз эҳёи давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ва соҳиби давлати озод шудани миллати тамаддунофари тоҷик башорат дод.
Мутаассифона, ҳанӯз дар ҳамон ибтидо мардуми мо шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида ва аҳамияти ин неъмату атои бебаҳои Худовандро эҳсос накарда, душманони давлату давлатдории тоҷикон тавонистанд дар марзи Тоҷикистон муноқишаҳои хунину нангин эҷод бикунанд.
Хушбахтона, дар ин даврони басе пурталотуми тақдирсоз офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард.
Ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифтанҳои Сарвари ҷавону диловари Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва сарҷамъ намудани миллати парешонгашта панҷ соли дароз давом карда бошад ҳам, сиёсати сулҳҷӯёна ва ба ҳамдигарбашхӣ равонагаштаашон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон.
Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун аъзои наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шиносанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама мамлакатҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон шинос намуданд.
Мавқеи устувору хулосагариҳои амиқан асосноки Роҳбари давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар намуд. Ҳамин сиёсати Пешвои миллат сабаб гардид, ки имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта, бо ҷумҳурии мо муносибати дипломатӣ барқарор намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими роҳҳои давлатдории миллӣ саҳми босазо гузошта, ин иқдомро бо чунин тарз иброз намудаанд: «Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд».
Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси ҷумҳурӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.
Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар сокини мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азиз, Ватани муқаддаси худро сидқан дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.
Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаю софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси ҷумҳурӣ мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.
Мо, хурду бузурги мамлакат бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд намоем, иқтидори иқтисодӣ ва имконияти содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойи нави кор муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем. Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад.
Акобир МИРЗОРАҲИМЗОДА,
ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои биология, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид






