Тоҷикистонро дар моҳи октябр чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорат дар назар аст. Ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 2017 монандӣ дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон, баъзе ноҳияҳо ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво 13+19 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12+14 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорат аз эҳтимол дур набуда, дар водиҳо шабона аз 9+14 то 3+8 дараҷа гарм, рӯзона аз 20+25 то 14+19 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 5+10 то 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 17+22 то 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд моҳи октябр ҳаво 13+16 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 12+17 то 6+11 дараҷа гарм мешавад. Микдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад.
Моҳи октябр дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар дар назар аст. Ҳаво 9+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 4+9 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук-2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14+19 то 8+13 дараҷа гармӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ мешавад.
Дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона аз 4-9 дараҷа хунук то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм то 1 дараҷа хунук- 4 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар рӯзҳои алоҳидаи давоми моҳ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






