Вазири сайёҳии Монтенегро бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд

Сентябрь 18, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири сайёҳии Монтенегро хонум Симонида Кордич дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо пойгоҳи  омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Симонида Кордич бо Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода  мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин имконияти густариши робитаҳои академӣ ва илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии риштаи сайёҳии Монтенегро дар самтҳои омодасозии муштараки мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ тавассути барномаҳои таҳсилотии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ба роҳ мондани  табодули академии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ҷонибҳо  ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъкид карда шуд.

Симонида Кордич зимни шиносоӣ бо пойгоҳи таълимӣ ва инфрасохтори муосири омодасозии мутахассисон дар донишгоҳ ба ташкили раванди таълим ва шароити фароҳамшуда баҳои баланд дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории ҷонибҳо метавонад ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таҳқиқотӣ байни  муассисаҳои таълимии ҳарду давлат такони ҷиддӣ бахшад.

Шиносоии Симонида Кордич бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши имконияти нави таълимӣ ва таҳқиқотӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва институтҳои илмию таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Монтенегро маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки хонум  Симонида Кордич яке аз ташаббускорони фаъоли рушди байналмилалии соҳаи сайёҳӣ маҳсуб шуда, раёсати Комиссияи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба сайёҳӣ барои Аврупоро ба уҳда дорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 18, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард