Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад

Сентябрь 3, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 август дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардиданд, ки то 6 сентябр идома меёбанд. Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола (яъне 4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза, кӯдаконе, ки аз 6 сентябри соли 2020 то 6 марти соли 2025 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад. АМИТ «Ховар» шарҳи табибонро доир ба пешгирӣ ва аҳамияти иммунизатсия пешниҳод менамояд.

Бемории сурхча чӣ гуна сироят мекунад?

Сурхча ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шуда, сабаби фавти зиёди кӯдакон ва ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст. Барангезандаи ин беморӣ вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории сурхакон ҳарорат баланд шуда, зуком ва сулфа ба вуҷуд меояд ва дар пӯст доначаҳо ба мушоҳида мерасанд. Ангезандаи сурхакон вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сулфа, атса ва гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Ба сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Беморон ду шабонарӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд.

Дар ҳолати ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқси модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхакон махсусан дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ хавфнок аст.

Барои пешгирии сурхакон кӯдакони беморро сари вақт аз дигар бачагона ҷудо нигоҳ медоранд. Занҳои ҳомила бояд худро аз беморони сурхакон канор гиранд. Шахсоне, ки беморони гирифтори сурхаконро нигоҳубин мекунанд, барои маслиҳат бояд ҳатман ба табиби сироятшинос муроҷиат намоянд.

Кадом қишри ҷомеа ба бемории гулафшон гирифтор мешавад?

Гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ ва барангезандаи он буда метавонанд.

Бемории гулафшон хусусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта мумкин аст тифли нобино, ношунаво ва дорои нуқсони дил таваллуд кунад.

Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон- ин иммунизатсия ба воситаи гузаронидани ваксина бар зидди ин беморӣ мебошад. Ваксинае, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, ваксинаи комплексӣ буда, бар зидди ҳам бемории сурхча ва ҳам гулафшон равона карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад: вояи якум дар яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар 6-солагӣ. Барои пайдо шудани масунияти пурра бар зидди ин беморӣ кӯдакон ҳатман бояд ду вояи ваксинаро қабул кунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 3, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?