1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тирамоҳӣ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.
Аз ин хотир падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон дар муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






