1 ОКТЯБР — РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Таъмини зиндагии шоиста барои онҳо афзалияти сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон аст

Октябрь 1, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи пиронсолон муқаррар карда шудааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  шуруъ аз 2 январи соли 2018 ин сана расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид гардид.  Дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар он омадааст, ки «ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, давоми даҳсолаҳои охир таркиби аҳолии ҷаҳон ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Аз соли 1950 то соли 2010 давомнокии умр дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 46 то 68 сол афзуда, пешбинӣ шудааст, ки дар охири аср ба 81 сол мерасад. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 900 миллион нафар одамони синнашон аз 60-сола боло ҳастанд ва то соли 2050 шумораи ин гуна одамон ба ду миллиард нафар мерасад, ки ин беш аз 20 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2050 бори аввал дар таърихи инсоният дар ҷаҳон шумораи одамони аз 60-сола боло аз шумораи кӯдакон зиёдтар хоҳад шуд.

Тавре аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо назардошти хусусияти давомнокии умр, вазъи саломатӣ ва низоми нафақа шахсони пиронсолро аз рӯйи синн шартан метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд:

— шахсони аз 63-сола то 75-сола (пиронсолон), ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол мебошанд ва метавонанд фаъолияти меҳнатиро баъди ба нафақа баромадан идома диҳанд;

— шахсони аз 75-сола то 85-сола (солхӯрдагон), ки нисбатан камҳаракат мебошанд ва аксарияти онҳо ба ёрии тиббӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ниёз доранд;

— шахсони аз 85-сола боло (дарозумрон), ки дорои мушкилоти сершумори саломатӣ ҳастанд ва аксари вақт ба нигоҳубин ва кумаки доимӣ эҳтиёҷ доранд.

Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 сентябри 2025 863 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 170 ҳазору 797 нафарро ташкил медиҳад. Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 15 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ 109 нафар мебошад.

Таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб шуда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.  Барои  тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки  бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардидааст, якчанд чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати  хизматрасонии иҷтимоӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасонии махсусгардонида ва ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.

Пиронсолон хазинаи бебаҳои инсоният, хираду дониш, чораю тадбир, таҷрибаю маърифат ва дифоъгари анъанаҳои аҷдодӣ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сана чун Рӯзи байналмилалии пиронсолон маротибаи аввал соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Он замон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ чорабиниҳои алоқаманд ба ин рӯз гузаронида шуданд.

Дар айни замон дар мамлакат беш аз 90 муассисаи иҷтимоие мавҷуд аст, ки бевосита бо масъалаҳои пиронсолон ва маъюбон сару кор доранд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои минтақавиии хизматрасонии иҷтимоӣ, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони бекасу танҳо фаъолият мекунанд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият доранд, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи иҷтимоии ин қишри аҳолӣ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 1, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ. Забони мусиқӣ оламшумул буда, ба тарҷумон ниёз надорад
ШОИРЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ВАСЛ МЕКУНАД. Асарҳои Мавлоно имрӯз низ аз хонданитарин асарҳои дунёянд
30 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаю афкори созанда ҷаҳонро тасхир намудааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Ва ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат
ШАХСИЯТИ БУЗУРГ ВА НОТАКРОРИ ИРФОНУ АДАБ. Андешаҳои бузургон дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
«МАН БА ХИЗМАТ МЕРАВАМ». Таҳти ин унвон дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт 10,2 фоиз афзудааст
Масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ. Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстона ба ин орифи бузург шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар моҳи октябр чӣ гуна ҳаво интизор аст?