30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 нафар коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои саҳми назаррас гузоштан дар бунёди ин иншооти азим-Кохи нур бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов қадрдонӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати кормандону омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ҳамроҳ бо як зумра адибони маъруфи мамлакат ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо бунёдгарони иншооти азими аср суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Аъзои ҳайат ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.
Масъулони неругоҳ меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос карда, аз саҳми Пешвои миллат дар оғоз ва ҷараёни сохтмони неругоҳ ёдовар шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи коргарони неругоҳ дар айни замон беш аз 15 ҳазорро ташкил дода, сохтмончиёни иншооти бузурги аср дар ду баст кор мекунанд. Ҳамарӯза дар ҳар басти корӣ то 200 техника истифода карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли 2023 зимни вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодиро вазифадор намуданд, ки корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Ташкил намудани чунин сафари дастҷамъона ба мавзеи сохтмони иншооти бузурги аср бо иштироки ҳайати ҷавонон сабаби руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат- Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»