35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт

Октябрь 10, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳарчи бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим санги асоси Литсейи касбии техникӣ гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Литсейи касбии техникӣ дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар доираи ҳамкории мутақобили судманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Литсей аз се ошёна иборат буда, дар он бунёди синфхонаҳо, устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва хобгоҳ  ба нақша гирифта шудааст. Литсей аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандисони ояндасоз» ба маблағи умумии 11 миллиону 042 ҳазору 823 сомонӣ дар муддати як сол сохта, ба истифода дода мешавад.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим бо изҳори хушнудӣ аз оғози сохтмони Литсейи касбии техникӣ миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад