35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Хушдара ва Ғусари шаҳри Панҷакент якчанд иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Дар деҳаи Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинг бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 124 ифтитоҳ ёфт. Мактаби нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.
Ин муассисаи таълимӣ барои 600 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои васеъ, лабораторияҳои фаннӣ, утоқҳои омӯзгорон ва толори маҷлис мебошад. Бино ба системаи мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, дар он барои фаъолияти пурсамари омӯзгорон ва таълими хонандагон шароити мусоиди корию таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон дар деҳаи Ғусар майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, майдони хуб барои баргузории бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Панҷакент








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






