72 оилаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд

Октябрь 24, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳарду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст, ки барои таъмини 72 оилаи омӯзгор бо манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. Манзилҳои истиқоматӣ дар 3 сол омода хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23 октябри соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иштирок намуданд. Дар ҳамин ҷо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф менамояд. Омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид