95 ҲОДИСАИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пиёдагардон низ мисли ронандагон ҷарима карда шаванд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки пиёдагардон 95 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 22 нафар ба ҳалокат расида, 92 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар аксар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр пиёдагардон низ ҳангоми убур кардани роҳ дидаю дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар роҳҳои мамлакат аломатҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ насб гардидаанду гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Сокини шаҳри Душанбе Шоира Исматова дар ин маврид изҳор дошт, ки «имрӯз дар роҳҳои пойтахт баъзан ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки ронандагон бо эҳтиёткорӣ ҳаракат мекунанд, аммо пиёдагардон нотарсида, дидаю дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Ба ҷои аз ҷойҳои муқарраршуда, аз назди чароғакҳои роҳнамо гузаштан танбалӣ карда, аз куҷое хоҳанд, роҳро убур мекунанд. Ҳол он ки медонанд, ки ин амали нодурусти онҳо метавонад боиси сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гардад, ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракатро дар хатар гузорад».
Дар ин масъала яке аз корбарони сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» Фирдавс Ҷалолов чунин навиштааст: «бо вуҷуди пурзӯр гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби нозирони роҳ ин мушкилӣ ҳалли худро наёфт. Бигузор пиёдагардон низ мисли ронандагон ҷарима карда шаванд, шояд ин мушкилӣ бартараф гардад».
«Дар аксар роҳҳои мошингарди пойтахт гузаргоҳҳои зеризаминӣ мавҷуданд, вале бархе сокинон онҳоро сарфи назар намуда, ҳаёти худ ва кӯдакони худро дар хатар гузошта, роҳро дар ҷойи муқаррарнашуда убур мекунанд. Бар замми ин, ба поймол шудани гулзору сабзазори сари роҳҳо боис мешаванд. Аз ин рӯ, дар айни ҳол ягона роҳи ислоҳи ин масъала баланд бардоштани ҳаҷми ҷаримаи маъмурӣ мебошад»,-пешниҳод намудааст корбари дигари сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» Баҳодур Раззоқов.
Бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи моддаи 12 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд, ки барои таъмини амнияти бехатарӣ дар роҳҳо қоидаҳои муқарраргардидаи ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Тавре дар санади мазкур омадааст, ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ бояд шароити бехатарро таъмин намояд ва бо амали худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунад ё зарар нарасонад.
Инчунин тибқи ин қонун дар ҳолати расонидани зарар ба дигарон, иштирокчии ҳаракат уҳдадор аст зарари расонидашударо мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброн намояд.
Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки нишонаи эҳтиром ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон мебошад.
Мақомотҳи дахлдор ҳамеша даъват мекунанд, ки ҳар як иштирокчии ҳаракат ҳисси масъулиятро боло бурда, дар роҳҳо қоидаҳои муқарраршударо дақиқ риоя намояд.
Мутаасифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе ронандагон ва пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, ки боиси нигаронӣ мақомот ва ҷомеа гаштааст.
Масалан, 26 октябри соли равон ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақамҳои қайди давлатиаш 700JU01 Лутфулло Абдуллоев ҳангоми ҳаракат дар дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол сокини 5-солаи кӯчаи Н. Қарабоевро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «КИА», рақамҳои қайди давлатиаш 0095BB01, Нозия Карамхудозода бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ду нафар пиёдагардро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард Фароғатова Г, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид. Хурдсол Анзураи С, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
Бо дарназардошти афзоиши ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар ҳудуди шаҳри Душанбе зарур аст, ки ронандагон ва пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Мутахассисон ва мақомоти дахлдор таъкид менамоянд, ки бехатарии роҳ танҳо дар мавриде таъмин мегардад, ки ҳар як шаҳрванд ҳисси масъулияти шахсии худро дарк намояд ва қоидаҳоро новобаста аз ҳолат ҳатман риоя кунад.
Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ — кафолати ҳаёт, саломатӣ ва оромии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як иштирокчии ҳаракат бояд ҳамеша дар роҳ эҳтиёткор бошад, барои дигарон монеа эҷод накунад ва ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ саҳмгузор гардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






